Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз оғози соли равон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ беш аз 410 млн. метри мукааб гази таббӣ ворид гашт. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов хабар дод.
Ба қавли ӯ, тибқи нақша, бояд то имрӯз аз Ӯзбекистон бояд ба миқдори 483 млн. метри мукааб газ интиқол дода мешуд, вале ба напардохтани қарз то имрӯз он ба андозаи 70 млн. метри мукааб камтар ворид шудааст. «Мувофиқи қарордод, соли равон Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бояд 650 млн. метри мукааб газ интиқол диҳад ва феълан бо ҳамтоҳои ӯзбеки худ мо ҷиҳати афзудани ҳаҷми он гуфтушунид дорем, зеро талабот ба газ дар ҷумҳурӣ зиёд шудааст», - гуфт ӯ.
Дар мавриди масъалаи қарздории КВД «Тоҷикгаз» аз Ӯбекистон Ш.Шоимов зикр кард, ки корхонаи қисман онро пардохт намуда, айни замон маблағи қарздорӣ назди ҷумҳурии ҳамсоя 2,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Қисман пардохтани қарз ба вазъи интиқоли газ таъсири мусбат расонд ва айни замон бо он Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, КВД «Тоҷиксемент», ҶСП «Тоҷиказот» қисман бошад ҳам, таъмин карда мешаванд», - изҳор дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, номбурда зикр кард, ки то ҳанӯз дар бораи воридоти гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2009 тавофуқ ҳосил нашудааст, зеро нархи гази кишвари ҳамсоя барои соли оянда маълум нест. «Мо соли оянда низ аз Ӯзбекистон ба миқдори 650 млн. метри мукааб газ гирифтанием, вале агар нархи он хеле баланд гардад, пас мо ҳатто арзиши ин миқдорро низ пардохт карда наметавонем», - афзуд Ш.Шоимов.
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста