Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Ҷамшед Юсуфов дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии ба муомилот бароварда шудани драми арманӣ - воҳиди пулии Арманистон ширкат меварзад. Чорабинихо имрӯз дар шаҳри Ереван оғоз гардида, то фардо идома хоҳанд кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки Миллии кишвар хабар доданд, Юсуфов имрӯз ҳамчунин дар мизи мудаввари «Суботи молӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда» иштирок хоҳад кард.

  Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Бонки миллии Арманистон, дар чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамчунин муовини раҳбари Сандуқи байналмилалии пул - Мурилё Португал, сарвари иҷроияи созмони мазкур - Эйч Баккер, инчунин намояндагони бонкҳои марказӣ ва миллии Албания, Сербистон, Гурҷистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Булғористон, Юнон ва Ҳоланд ширкат меварзанд.