Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ояндаи наздик дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли трансформатори Тоҷикистону Чин таъсис меёбад.

            Тавре аз маркази матбуоти вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин хусус дар шаҳри Харбини Чин зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо раҳбарияти ширкати «БТА» тавофуқ ҳосил шуда буд. «Айни замон корҳои омодасозии асноди меъёрӣ ҳуқуқии таъсиси корхона идома доранд», - гуфт манбаъ.

            Ба иттилои манбаъ, таъсиси корхонаи нав дар заминаи корхонаи истеҳсоли трансформатори шаҳри Қӯрғонтеппа ба нақша гирифта шудааст.

            Зикр гардид, ки ҳангоми сафари корӣ ба Чин аз 17 то 24-уми ноябри соли ҷорӣ Г.Шералӣ бо мақомоти раҳбарии як қатор ширкатҳои ин кишвар дидору гуфтушунид кардааст.