Дар маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қайд мешавад, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки шиносномаашон ҳангоми содир шудани амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек истифода шудааст, айни замон дар Сурияқарор дошта, дар сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) меҷанганд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳодисаи дар назди сафоратхонаи Чин дар ишкек рӯзи 30 август муайян карда шуд, ки ин амали террористӣ аз ҷониби шаҳрванди Қирғизистон Саттыбаев Иззотилло Машрапович бо тахаллуси «Алӣ», соли таваллудаш 1991, зодаи вилояти Ош, дар ҷустуҷӯи оперативӣ қарор дошта, ба ҳайси муҷоҳид дар давлати Сурия фаъолият менамояд, роҳандозӣ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шиносномаи ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванди Тоҷикистон, аъзои ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» Бобоҷонов Фирдавс Муминҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро истифода бурда, амали террористиро дар Сафоратхонаи Чин содир намудааст.

“Ҳамчунин муайян гардид, ки террористи худкуш, миллаташ уйғур, аъзои гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» буда, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон Халилов Зоир Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1983, сокини ш. Панҷакентро, ки дар кофтуков қарор дорад, истифода бурдааст”, - омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҷинояткорони дар қофтуков қарордошта чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ идома доранд.