Туркманистон аллакай муддати ним сол аст, ки ба автомашинаҳо бо борҳои барои Тоҷикистон таъиншуда ваа ё аз Тоҷикистон содиротмешуда гузаштан аз қаламравашро иҷоза намедиҳад. Тоҷикистон ин мушкилро тариқи истифодаи самтҳои роҳҳои алтернативии масофаашон бештар дарозтар нисбат ба гузаштан тариқи қаламрави Туркманистон ҳал кардааст.

“Мо ин мушкилро бо истифода аз ду хатсайри алтернативӣ, ки имрӯз тариқи онҳо бемамониат ба боркашонӣ машғулем, ҳаллу фасл кардем”, - иброз дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 17 июл дар Душанбе муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода.

Муовини аввали вазир қайд кард, ки дар фурсати кӯтоҳ доир ба истифодаи зербинои роҳҳои Озарбойҷону Гурҷистон аз ҷониби боркашонони Тоҷикистон бо ҳукумати ин кишварҳо созиш ҳосил карда шудааст.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон барои ҳамлу нақли борҳо ба Тоҷикистон ё аз Тоҷикистон ду хатсайри дигар истифода мешавад, ҳарчанд масофаи онҳо нисбат ба қаламрави Туркманистон дарозтар аст: аввалаш - тариқи Ӯзбекистон то бандари Актауи Қазоқистон (дар соҳили баҳри Каспий) ва Боку ва минбаъд тариқи қаламрави Озарбойҷон; дуюмаш - тариқи қаламрави Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия то Гурҷистон ва кишварҳои Шарқи Наздик.

Харитаи роҳҳои алтернативӣ
Сурат: Asia-Plus

Бо роҳи оҳан низ...

Туркманистон ҳамчунин то ҳанӯз ба гузаштани қатораҳо бо борҳои Тоҷикистон низ тариқи қаламраваш иҷоза намедиҳад.

Ба гуфтаи муовини сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Усмон Қаландаров, мушкилоти Тоҷикистон бо Туркманистон дар истифодаи роҳи оҳан низ ба воситаи интихоби роҳҳои дигар (алтернативӣ) роҳи ҳалли худро ёфтааст.

“Дар ин хусус мо бо идораи роҳҳои оҳани Ӯзбекистону Қазоқистон гуфтушунид кардем. Боркашонҳо тоҷик имрӯз метавонанд аз бандари Актау тариқи роҳи оҳани Қарақалпоқистон истифода кунанд. Ҳарчанд ин хатсайр нисбат ба хатсайр тариқи роҳи Турманистон дарозтар бошад ҳам, ҳамтоҳои ӯзбеку қазоқ 50% тахфиф пешниҳод намуданд, то ки хароҷоти боркашонҳои мо то ба ҳадди камтарини ниҳоӣ расонида шавад”, - қайд кард Қаландаров.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.