Аввалин бастаи иборат аз 6 тонна кумакҳои пизишкӣ ва дармонии эҳдои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати мубориза бо коронавирус имрӯз, 12-уми май ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Чанде қабл парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” аз фурудгоҳи шаҳри Машҳад оғоз шудааст. Пас аз яку ним соати парвоз, ҳавопаймо вориди фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мешавад. Сипас таҳвили бастаи кумакҳои пизишкӣ ва доруии эҳдои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” сухангӯйи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳсин Фараҳбар иттилоъ дод. Вай афзуд, ки бо парвозҳои баъдӣ ирсоли кумакҳои иловагӣ аз Эрон ба Тоҷикистон дар назар аст.
Ба гуфтаи Муҳсин Фараҳбар, ҳавопаймои “Вориш” зимни парвоз аз Тоҷикистон 140 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон – тоҷирону фаъолони иқтисодӣ ва сайёҳонро ба ватан бармегардонад.
Қобили зикр аст, ки ирсоли ин кумак дар пайи гуфтугӯйи телефонии раисҷумҳурони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ амалӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.