Марди 30 сола дар Истаравшан ҳангоми муноқишаи оилавӣ ҳамсарашро бо корд ба ҳалокат расонида, баъдан худро захмӣ намудааст.

Бино ба иттилои ВКД рӯзи 10-уми октябр марди 30-солаи сокини деҳаи Қадамҷои шаҳри Истаравшан дар хонааш бо ҳамсараш зани 28-сола, муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба гарданаш задааст. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас, номбурда бо мақсади худро аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд гардани худро бурида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо модддаи 104 (одамкушӣ) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.