Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, ки онҳо тамоми чораҳоро дидиаанд, ки аз фурӯш ва ё хилофкориҳо дар тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба мардум пешгирӣ кунанд.
Ин китоб ба унвони ҳадя аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим мешавад.
Нашри ин китоб дар Тоҷикистон гардишҳои дигаре ҳам дошт, ки дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда баҳс шуд.
Моҳи декабри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба порлумон дастур дода буд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул ҳадя карда шавад.
Дар Тоҷикистон барои тавзеъи ин китоб комиссия махсус зери роҳбарии муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи прездент Саъдӣ Қодирзода таъсис дода шудааст, ки намояндаҳое аз Вазорати молия, Агентии омор, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо шомиланд. Онҳо муваззафанд, ки китобро ба ҷойи лозим бурда расонанд.
Қарор аст ин китоб бо теъдоди 1,6 миллион нусха нашр ва дар сар то сари кишвар тавзеъ карда шавад. Ҳоло 15 ҳазор нусхаи ин китоб нашр шудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик корвони ин китобҳо ба ноҳияҳои Мурғобу Шуғнон расонида шавад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, мегӯяд, ки пас аз барфҳо, рӯзҳои наздик тавзеъи китобро оғоз мекунанд. Ба гуфти ин ёвари раисҷумҳур китоб марҳила ба марҳила нашр гардида, нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан ба ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо то ҷашни 30 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон пурра нашр ва ба ҳар як хонводаи тоҷик туҳфа карда мешавад.
“Мо ба ҳар як нусха китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуровро, ки махсусан ба мардум туҳфа карда мешавад, муҳр монда ва варақаи махсусе барои имзо аст, ки ҳадягирифта дар он имзомегузорад. Ин ҷилвагирӣ барои ба фуруш набаровардани ин китобҳо мебошад. Китобе, ки муҳр надорад аз тарафи мо чоп карда нашудааст”.
Ёвари раисҷумҳур мегӯяд, ки 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоб барои ҳадяи якнусхаӣ ба ҳар хонавода кофӣ мебошад ва “албатта барои обуна ва муассисаҳои фарҳангӣ алоҳида чоп карда мефиристем”.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода гузинаи электронии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро вазоратҳои маорифу илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва чинӣ низ омода карда истоданд, ки дар ҳама сайтҳои худи ин ниҳодҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо гузошта мешавад.
Нашри китоби “Тоҷикон” ки бештар як иқдоми ватандӯстона муаррифӣ мешавад, баҳсҳои гарми дигаре ҳам дошт. Аз ҷумла Радиои Озодӣ дар як таҳқиқоташ ошкор карда буд, ки чопхонаи “Нашриёти муосир” 1,6 млн нусха китоби “Тоҷикон”-ро бо маблағи 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар) нашр кардааст. Дар ҳоле, ки дар озмуни чопи китоб нашриёти Эр-Граф барои нашри он ҳамагӣ 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, яъне 128 миллиону 780 ҳазор камтар аз “Нашриёти муосир” (маблағи пешниҳодии ин нашриёт 133 миллиону 280 ҳазор сомонӣ буд) пешниҳод дода буд, аммо “Нашриёти муосир” пирӯз мешавад.
Бино ба таҳқиқи Радиои Озодӣ “Нашриёти муосир” мутаалиқ ба ширкати “Фароз” будааст.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ “ширкати "Фароз" ширкати бисёрсоҳаест, ки мувофиқи санадҳо ба Шамсулло Соҳибов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Аммо Исматулло Зияев, ки худро намояндаи собиқи саҳмдорони “Фароз” муаррифӣ кард, бо фиристодани нома ба Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки ҷамъият “11-уми марти 2020” расман барҳам хӯрдааст. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар нишасти хабарии моҳи июл дар Душанбе гуфт, “Фароз” дигар нест, ширкат аз моҳи апрел барҳам хӯрдааст”.
Баъдан “Нашриёти муосир” дар як раддия ба Радиои Озодӣ навишт, ки “натиҷахои тендери давлатӣ аз ҷониби ягон тарафи иштирокчиёни тендер мавриди баҳси маъмурӣ ё баҳси суддӣ (имлои нома) қарор дода нашудааст, ки ҳолати мазкур низ аз он шаходат медиҳад, ки зимни гузаронидани он муқаррароти конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шудааст”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста