Дарси "Ахлоқ ва маърифат", ки исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактаб мехонданд, расман манъ шуд. Баҳси манъ шудани ин дарс чанд рӯз буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ буд ва ахиран ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки расман он дар мактабҳо манъ шуд.
Аз ин ба баъд ин дарс танҳо дар хона ва ҷамоатхона - ҷойи намозгузории исмоилиён тадрис мешавад, гуфта мешавад дар як хабарномае, ки дар саҳфаи расмии фейсбукии ҳукумати Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нашр шудааст. Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бар пайи баҳсҳои доманадор бо масъули дину таълими вилоят маҷлис ороставу ин мавзуъро баррасӣ кардаанд.
Ин дарс, ки дар солҳои навадум бо қарори Мушовараи вазорати маорифи Тоҷикситон, иҷозаи Кумитаи дин ва ҳатто гуфта мешавад қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар мактабҳои қаламрави вилоят ҷорӣ шуда буд, акнун танҳо "дар сатҳи маҳал (ҷамоатхона, хонаҳо, биноҳои шахсӣ )" тадрис мешавад.
Далели инро ҳукумати ВМКБ чунин баён кардааст: "бо гузашти аём бо дарназардошти роиҷ будани таълимоти дунявӣ дар муассиаҳои таълимии давлатӣ ва зиëд шудани шумораи кӯдакони ғайри исмоили дар мактабҳои вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ, камчинии вақт, соатҳои дарси ва синфхонаҳо ва дигар мушкилотҳои динии ҷаҳони имрӯза таълими ин дарс муваққатан боз дошта шудааст".
Ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ки масъалаи маҳдуд намудани дарси «Ахлоқ ва маърифат» дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят ахиран дар байни аҳоли ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаро ба миён оварда, бо мақсади минбаъд пиёдасозии таълими ин фан раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо масъулини шуъба оид ба корҳои дин танзими анъна ва ҷашну маросими макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Консули минтақавӣ, Шӯрои таълимоти тариқаи исмолия (ИТРЕБ) ва Директори Институи илмҳои гуманитари академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мулоқот намуд.
Дафтари матбуоти раиси ВМКБ мегӯяд, ки раиси вилоят ба таҷрибаи таълими ин фан дар кулли кишварҳое, ки дар онҷо ҷамоати исмоилия иқомат дорад ва ба кӯдакон ин фан тадрис мешавад, ишора намуда, якчанд варианти таълими ин фанро пешниҳод намудааст.
Дар ин маҷлиси тавофуқ ҳосил шудааст, ки ин фан дигар дар маотиб тадрис нашавад: "Баъди ҳаматарфа санҷидани ҳамаи паҳлуҳои шаклҳои пешниҳод шуда ширкатдорон аз мактаб баровардани ин фанро тақозои замон дониста , дар сатҳи маҳал (ҷамоатхона, хонаҳо, биноҳои шахсӣ ) ташкили он барои кӯдакон ва волидайн ба мақсад мувофик шумориданд. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят ва ИТРЕБ ба мувофиқа расиданд, ки масъаларо ҳаматарафа омухта, ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта бо органҳои болоии худ мувофиқа мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки уҳдадории ҳарду тараф бояд хеле равшан возеҳ муайян карда шавад".
Як ҳафтаи ахир аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравони тариқати исмоилияи мазҳабаи аҳли ташайюъ дар Тоҷикистон, ки аксаран сокинони ВМКБ ҳастанд аз манъ шудани ин дарс дар мактабҳо изҳоро норизоятӣ кардаву аз ҳукумат хостори посухи расмӣ шуда буданд.
Акнун ҳукумати ВМКБ изҳори умедворӣ кардааст, ки "рӯзҳои наздик коршиносони мақомоти давлатӣ ва намояндагони таълимоти мазҳаби модели навро хуб кор карда, таълими ин фан, ки холӣ аз ҳамаи намудҳои хурофот, бартарӣ додани мақоми як мазҳаб ва ë равия нисбати дигар мазҳаб ва таълимоти диниву экстремистӣ асту фақат ғояҳои беҳтарини ахлоқу маърифатро ба кӯдакон пешкаш менамояд, боз аз нав шуруъ хоҳад шуд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ тавр дар Тоҷикистон банан, папайя ва ананас парвариш мекунанд?
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста