Google ҳам ба дунболи Facebook дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда сабти ном шуд. Ширкати фаромилии амрикоии Google 3-юми марти имсол ҳамчун андозсупорандаи хизматрасониҳои электронӣ (ААИ) дар Тоҷикистон сабти ном шуд. Дар ин бора аз Кумитаи андоз ба "Asia-Plus" хабар доданд.
Ин ширкат дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд".
Рӯзи 2 март ҳам ширкатҳои Facebook Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc низ тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj сабти ном шуда буданд.
Дар кумитаи андоз мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир барои сабти ном кардани ширкатҳои дигари хориҷие, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳоро анҷом медиҳанд, ба унвони андозсупоранда корҳо идома доранд.
Мутобиқи тағйирот ба қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020 шахсони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.
Баҳси андозбандии ширкатҳое, ки хизматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд дар Тоҷикисон дар поёни соли гузашта доғ шуд. Тоҷикистон мехоҳад ин ширкатҳо барои корҳое, ки аз он даромад мебинанд андоз супоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста