Бар пайи болоравии бесобиқаи нархи маводи сӯхт, дар шаҳри Хуҷанд ҳаққи хидматрасониҳои таксиҳои сари роҳ боло рафта, ба арзиши роҳкирои бархе хатсайрҳо таъсир гузошта, аҳолӣ дубора ба истифода барқ барои ошпазиву нонпазӣ рӯй овардаанд.
Нархи таксиҳо дар дохили шаҳри Хуҷанд 5 сомонӣ ва “Истаравшан-Хуҷанд” то 10 сомонӣ боло рафтааст. Ронандагон мегӯянд, давоми як моҳи ахир ба таври бесобиқа гарон шудани нархи бензину гази моъе дар Тоҷикистон ба арзиши мусофиркашонӣ таъсир расонид. Гурӯҳе аз аҳолӣ, ки дар рӯзгордорӣ аз гази моеъ истифода мебурданд, ҳамакнун ба барқ рӯй овардаанд.
Акбар як ронандаи таксӣ дар Хуҷанд, субҳи душанбеи 9-уми август дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, як ҳафтаи ахир нархи мусофиркашонӣ дар дохили ин шаҳр то 5 сомонӣ боло рафтааст. Вай афзуд, барои мисол ҳоло аз назди Кохи матбуот то бозори Панҷшанбе ба қимати 15 сомонӣ мусофир мебарад.
“Масофаи роҳ байни “Кохи матбуот” то бозори “Панҷшанбе” бештар аз 3 километр аст ва як ҳафта пештар роҳкирои таксӣ дар ин масир 10 сомонӣ буд. Нархи гази моъе дар ин ҳафтаҳо то ба марзи 7 сомонӣ расид, мо ҳам ҳавасманд нестем, ки роҳкироро боло бардорем, чун ин шабу рӯз муштариёни таксӣ низ кам шудаанд”,-мегӯяд Акбар.
Исматулло, ронандаи дигари таксӣ, ки дар маҳаллаи 27-уми Хуҷанд интизори мусофирон буд мегӯяд, қаблан, ки нархи газ то 5 сомонӣ буд, мусофиронро то чаҳор-панҷ километр бо 9 сомонӣ низ мебурданд, аммо ҳоло бо ин рах “дуруст намеояд”,-мегӯяд ронанда.
Дар ҳамин ҳол сокинони шаҳри Истаравшан низ мегӯянд, хизматрасонии таксиҳо аз Истаравшан то Хуҷанд давоми ҳафтаҳои ахир аз 5 то 10 сомонӣ гарон шудааст. Исфандиёр, як сокини ин шаҳр гуфт, чанд ҳафта пештар ба маблағи 15-20 сомонӣ аз Истаравшан ба Хуҷанд меомад. “Ҳоло нархи таксиҳои сари роҳии “Истаравшан-Хуҷанд” то 25-30 сомонӣ боло рафтааст.”-мегӯяд ӯ.
Танҳо давоми як моҳи ахир нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд бештар аз 1,5 сомонӣ, бензини навъи, АИ-95 1,20 сомонӣ, 1 сомонӣ ва сузишвории дизелӣ 60 дирам боло рафтааст. Субҳи имрӯз 9-уми август дар таблуҳои нуқтаи фуруши сӯзишвории “Ориё”-и шаҳри Хуҷанд арзиши бензини навъи АИ-95 10,50-10,80 сомонӣ, АИ-92 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 9,30 сомонӣ ва гази моъе 6,80 сомонӣ навишта шудааст. Аммо чунин нархнома дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ якхела нест, балки кам ё зиёд аз ҳам фарқ мекунанд.
Болоравии бесобиқаи нархи сӯзишворӣ ба кори автобусҳои мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд низ таъсир расонидааст. Масъулини корхонаи “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” мегӯянд, феълан аз 100 автобус , танҳо 10-15 тои он ба хатсайр мебароянд, боқимондаро бинобар таъмирталаб будани автобусҳо ё гарон шудани нархи сӯзишвории дизелӣ аз хатсайрҳо гирифтаанд.
Музаффар Раҳматхӯҷаев директори ин корхона гуфт, бар замини боло рафтани маводи сӯзишвории дизелӣ, бинобар ба таътил баромадани хонандагону донишҷӯён мусофирони автобусҳо кам шуданд, ки маблағи аз мусофиркашонӣ ба даст омада хароҷоти сӯзишвориро рӯйпӯш намекунад.
“Оғози моҳи июн нархи фурӯши яклухти сӯзишвории дизелӣ 7 сомонию 75 дирам буд, айни ҳол беш аз 9 сомонӣ шуд. Мо дар як рӯз барои 10 автобус 10 ҳазор сомонӣ танҳо барои сӯзишвории дизелӣ хароҷот мекунем, аммо ҳоло танҳо то 35 фоиз маблағи барои сӯзишворӣ сарфшуда ворид шуда истодааст. Боқимонда 65% ҳамарӯза танҳо аз маблағи сӯзишворӣ зиён дида истодаем.”
Камчин шудани автобусҳо дар ин авохир иддае аз мусофиронро нигарон кардааст. Малоҳат як сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар истогоҳи назди “Боғи Наврӯзгоҳ” интизори автобус буд мегӯяд, чанд ӯ барои рафтан ба кору бозор асосан аз хизматрасонии автобус итифода мебурд, ки ҳоло автобус камчин шуда маҷбур бо маршруткаҳо то ба манзил мерасад.
“Автобус хуб буд, бо 1 сомонӣ ба манзил мерасидам, ҳоло бо маршруткаҳо меравам, ки нархи роҳкирои онҳо 1,5 сомонӣ аст. Ман асосан бо автобуси №4, ки аз Хуҷанд то ба шаҳри Гулистон мерафт ҳамарӯза истифода мебурдам, як моҳ зиёдтар шуд камчин аст ё дер меояд. Маҷбур бо маршруткаҳо ба ҷойи корӣ меравам, аммо нархи роҳкирои маршруткаҳо гаронтар аст, барои мисли мо мусофирони камдаромад ин зиёновар аст”,-мегӯяд ин мусофир.
Мушоҳида мешавад, ки нархи роҳкироро танҳо ронандагоне, ки барои дарёфти ризқурӯзӣ бо сабукравҳои худ ба роҳ мебароянд боло бурдаанд. Аммо дар нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва ё беруназшаҳрӣ нархи роҳкиро бетағйир мондааст.
Турсунқул Шукуралиев, як ронандаи хатсайри “Шаҳристон-Хуҷанд” аз якбора гарон шудани маводи сӯзишворӣ сахт нигарон аст ва мегӯяд, бо паймудани 104 километ роҳ бо 12 мусофир ба Хуҷанд расид, ки харҷи роҳро низ рӯйпӯш накардааст. Ӯ афзуд дар ин хатсайр ба сари як кас 15 сомонӣ нархи роҳкиро муайян аст ва дар умум 12 мусофир 180 сомонӣ маблағи роҳ доданд.
“Аммо бозгашт намедонам чанд пул мешавад, мусофир мешавад ё не, номаълум. Ба 231 сомонӣ сӯзишворӣ харидам, маблагӣ тарозу, нақша (пилан) медиҳам, хӯроки нисфирӯзӣ, ҳеҷ фоида намемонад. Чӣ кунем, фоида нашавад хоб мерем, хатсайрро боз медорем. Боз ба кӣ душвор мешавад, ба мардум. Мо аз ҳисоби мардум ронандагӣ мекунем”.
Ӯ гуфт, наметавонад худсарона нархи роҳро боло барад, вале маҷбур аст тибқи реҷаи тасдиқшуда дар соати муайян ба мусофиркашонӣ барояд.
Аммо роҳбарони ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт то ҳол шарҳ надодаанд, ки чаро гази моъе камчину нархаш боло рафтааст. Бархе аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт, барои дарёфти ин иттилоъ аз "Азия-Плюс" мактуби расмӣ талаб карданд.
Баъди он ки нархи гази моъе гарону дарёфташ то ҷое душвор шудааст, хонаводаи Абдулло Ашӯров, ки қаблан дар пухтари хӯрок аз он истифода мебурданд ба барқ рӯй овардаанд. Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” гуфт “ҳоло гази моъе истифода накарда истодаем, газ гарон шуд, дигар нахаридем”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста