Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, ба мисли дотсент ва профессор дар донишгоҳҳое, ки омӯзгор омода мекунанд, изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, онҳо бояд омӯзгорони ҷавони унвондорро ба кор ҷалб кунанд.
Нигаронии вазири маориф дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ, дар паёми ахираш ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро интиқоди шадид кард ва гуфт, ин бахш ниёз ба ислоҳоти фарогир дорад. Собиқ вазир маориф Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал интиқоди президентро “сад дар сад” дуруст хонда, ваъдаи ислоҳот дода буд.
Раҳим Садзода, дирӯз, 2 март дар ҷаласае дар робита ба омода намудани омӯзгорони оянда дар коллеҷу донишгоҳҳои кишвар аз дараҷаи азхудкунӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии мазкур интиқод карда, сатҳи таҳсилот (онҳое, ки бо баҳои 4-у 5 мехонанд)-ро 35 дарсад арзёбӣ кард.
- Як қатор муаммое мавҷуд аст, ки бояд дар самти бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешида шавад. Аз ҷумла, куҳнаю фарсуда будани заминаи моддию техникии аксари муассисаҳои таълимӣ, норасоии нерӯи кадрии муассисаҳо аз ҳисоби омӯзгорони дараҷаву унвони илмидошта ва дар ин зинаи таҳсилот пешбинӣ нагардидани додани дараҷаи унвони дотсент ва профессор, нарасидани китобҳои дарсии тахассусӣ, барномаҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ, дар сатҳи зарурӣ нагузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, - нигаронӣ намудааст Саидзода.
Номбурда эътироф кардааст, ки ҳоло дар мактабҳои кишвар омӯзгорон намерасанд ва масъулинро зарур аст, ин масъаларо пайгирӣ намуда, ба вазорат пешниҳодҳо манзур кунанд.
Ӯ ҳамчунин, аз ҳозир нашудани хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат ва квотаҳо таҳсил кардаанд, нигаронӣ карда, гуфтааст, нисбати онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Саидзода дар идома аз камбудиҳо дар фаъолияти донишкадаву донишгоҳҳо ёдоварӣ шуда, афзудааст, ки чунин камбудию норасоиҳо дар самти татбиқи низоми кредитии таҳсилот, баргузории сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ, аттестатсияи хатм, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо, таъмини муассисаҳо бо технологияҳои муосир ва истифодаи онҳо аз ҷониби омӯзгорон, норасоии китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмию методӣ ба назар мерасад.
Ӯ махсусан аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои олӣ ёдовар шуда, нигаронӣ кардааст, ки теъдоди омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни 30 фоиз, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 17,7 фоиз, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 19,2 фоиз, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев 23,5 фоиз, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 43 фоиз, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 5,8 фоиз, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 10,8 фоизро ташкил медиҳанд, ки ба гуфтаи ӯ, ин нигаронкунанда аст.
- Дар баробари ин, наздики 30 фоизи омӯзгорони дараҷаи илмидошта дар синни нафақа мебошанд. Инчунин, теъдоди омӯзгорони синни то 35-солаи дорои дараҷаи илмидошта аз 5 то 12 фоизро ташкил медиҳад. Фаъолияти муассисаҳои мазкур дар ин самт ба талаботи стандартҳо ва меъёрҳои институтсионалии муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯй нест ва он ба омода намудани мутахассисони соҳибкасбӣ соҳаи омӯзгорӣ таъсири худро мерасонад, - гуфтааст Раҳим Саидзода.
Ӯ роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро вазифадор кардааст, ки ҷиҳати омода ва таъмини омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Талаби вазири маориф дар робита ба ҷалби омӯзгорони унвондор дар ҳолест, ки тӯли чанд соли охир пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам мекунад, ки дар байни дар баробари устодони донишгоҳу донишкадаҳо, ректор ва деканҳои факултаву мудирони кафедраҳо низ ҳастанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста