Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон як кӯдаки мактабхони синфи 2, пас аз лату кӯби як зани 25-солаи сокини ин шаҳр фавтидааст. Ин хабарро манбаъҳои гуногун ба "Азия-Плюс" таъйид карданд.
Ин ҳодиса рӯзи ҷумъаи 27-уми май сар задааст. Баъди лату кӯби кӯдак, гумонбар хонаро тарк карда, аммо ба ёрии таъҷили занг зада, вале кӯдак дар роҳ то беморхона фавтидааст.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” фавти ин хонандаи синфи 2-юми мактаби рақами 8- шаҳри Бохтарро таъйид кард.
“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд. Айни замон дар боздошт қарор дорад. Ба эҳтимоли зиёд нисбати гумонбаршаванда, зани тақрибан 25-сола, бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад”,- гуфт манбаъ.
Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин духтари 25-сола гуё ҳамчун арӯсшаванда дар ин хона зиндагӣ мекардааст. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шуда будаанду ӯ дар парастории падар монда будааст. Нигоҳу бини кӯдак ба ӯҳдаи ҳамин арӯсшаванда вогузор шуда будааст, ки дар вақти набудани падари кӯдак, ин зан ӯро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа кӯдак мефавтад.
Манбаъи мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тафсилоти бештар надод ва танҳо гуфт, ки тафтишоти ин парванда ба уҳдаи мақомоти милитсия вогузор шудааст. Ва шарҳи бештари ҳодиса баъди ба анҷом расидани тафтишот пешниҳод карда мешавад.
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
БОР барои пешбурди таълими фанҳои техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 40 млн доллар медиҳад
Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд
Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста