Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи поин бурдани нархи билети қатораи хатсайри “Душанбе-Тошканд-Душанбе” ба мувофиқа расиданд. Нарх 20% поин меравад, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Дар ҷараёни гуфтушуниди раҳбарияти ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари” ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ин хусус қарордодҳои дахлдор имзо шудаанд.

“Аз 6 сентябр ба арзиши билети қатораи байнулмилалии мусофирбар бо хатсайри №301/302 “Душанбе-Тошканд-Душанбе” 20% тахфиф ҷорӣ мешавад”, - зикр кардаанд дар ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари”.

Ёдрас мекунем, ки равуои қатораи мусофирбар байни Тошканд ва Душанбе аз 20 июни соли равон оғоз гардид. Он аз 10 вагон: 4 вагони купе, 5 вагони платскарт ва вагон-тарабхона (ресторан) иборат аст.

Масофаи роҳ аз Тошканд то Душанбе тариқи роҳи оҳан 916 километрро ташкил медиҳад. Қатора аз Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе соати 18:30 ба сафар баромада, рӯзи дигар, сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад. Аз Тошканд низ қатора ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 16:15 ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.

Нархи билет ба вагони платскарт 340 670 сӯм (тақрибан 312 сомонӣ), вагони купе - 417040 сӯм (тақрибан 383 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Пештар нархи билет аз 373 сомонӣ сар мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.