Бо “Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд”, - зикр мегардад дар изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Таъкид мешавад, ки “тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст”.
Ҳамчунин, дар ин изҳорот аз он нигаронӣ карда мешавад, ки “ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст”.
Ёдовар мешавем, ки ин изҳороти панҷуми Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аст, ки давоми рӯз нашр мешавад. Қаблан низ ин ниҳод вобаста ба вазъи сарҳад чор маротиба изҳорот пахш кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз нисфирӯзӣ президентҳои ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мулоқот карда, дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад.
Қабл аз он, роҳбарони КДАМ-и ду давлат Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев низ мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод ва то ҳол дар хусуси кушташудаҳо ва захмиён маълумоти дақиқ ироа нашудааст.
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста