Истироҳатгоҳи “Сиҷҷак”, ки ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов тааллуқ дорад, маротибаи дуюм ба фурӯш гузошта шудааст. Дар ин бора сомонаи Агентии идораи амволи давлатии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Арзиши аввалияи ин маҷмӯа, ки дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ҷойгир аст, 70 миллиард сӯми ӯзбекӣ, муодили 6 343 400 доллари амрикоӣ нархгузорӣ шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки майдони умумии ин маҷмаа 5,38 га буда, масоҳати бино 4039,56 метри мураббаъ аст. Дар ҳудуди маҷмаа аз ҷумла, меҳмонхона, чандин ҳавзи шиноварӣ ва амфитеатр мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, ки маҷмааи мазкур қаблан низ дар музояда гузошта шудаву харидори мувофиқ пайдо накарда буд.
Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова духтарбузурги президенти марҳуми Ӯзбекистон Ислом Каримов аст, ки замоне ҳамчун вориси ояндаи курсии падар ва пуртаъсиртарин чеҳраи ин кишвар шинохта мешуд. Ӯ дар Ӯзбекистон ва берун аз он тиҷорати густардаро роҳандозӣ кардаву бо арзиши гарон аз манотиқи гуногуни ҷаҳон хонаву истироҳатгоҳҳо харидорӣ карда буд.
Дар вопасин лаҳзаҳои ҳукмронии падараш ӯ ба мушкил печид ва пас аз чанд нутқи интиқоди ба аввал ба ҳабси хонагӣ ва баъдан ба маҳбас фиристода шуд.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста