Коршиносони расонаӣ мегӯянд, пас аз боздошти 7 блогер ва рӯзноманигор кори расонаҳо дар Тоҷикистон ба маротиб мушкилтар гардида, доираи “хатти сурх”-и худсонсурӣ, ки набояд убур карда шавад, тангтар шуд.
Шоми 17 октябр Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигор ва блогнависи маъруфи тоҷик Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Бар илова ӯ муваззаф шудааст ҷарима ҳам пардохт кунад. Далерро дар соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони мамнуъи “Гуруҳи 24” гунаҳкор шинохтанд. Ҷузъиёти мурофиаи додгоҳӣ ҳанӯз дастрас нест.
Ду ҳафта қабл ҳамин додгоҳ рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бо иттиҳоми истифодаи хушунат ва таҳқири маъмурони пулис, инчунин иртибот бо Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум карда буд.
Мурофиаи парвандаи ҳарду хабарнигор дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва барои хабарнигрон пӯшида баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ моҳи июни соли 2022 боздошт шуда буданд. Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” изҳор дошт, онҳо барои фаъолияти рӯзноманигорӣ таъқиб мешаванд, ки хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва Тоҷикистон аст.
Ширкаткунандагони мурофиаи Абдулло Ғурбатӣ мегӯянд, бо вуҷуди иддаои латту кӯб ва таҳқири се корманди пулис ва ҳамчунин узвият дар созмони мамнӯъ, баҳси аслӣ дар атрофи бархе аз навиштаҳои интиқодии рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст.
Ғурбатӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ дар робита ба чанд масъалаи умдатан иҷтимоӣ, аз ҷумла “облава”-и донишҷӯён аз мақомот шадидан интиқод мекард.
Дар ҳамин ҳол, парвандаи додгоҳии ду хабарнигори дигар – Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – низ дар СИЗО-и Душанбе пушти дарҳои баста ҷараён дорад.
Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8 июли соли ҷорӣ аз ҷониби маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат боздошт гардид. Ӯ дар ҳамкорӣ бо ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҷунбиши мухолифи “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад. Бар асоси ин ду иттиҳом ӯро аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро рӯзи 9 июли соли равон бо гумони ифротгароӣ дастгир карданд. Ӯро аз 3 то 5 соли маҳбас таҳдид мекунад.
Ба намояндагони васоити ахбори омма иҷозаи иштирок дар мурофиаи додгоҳии журналистонро намедиҳанд. На додрас ва на ҷониби дифоъ ҷузъиёти мурофиаҳоро ифшо намекунанд.
Аз ҷумла, Беҳрӯз Шафо, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, ки қаблан Абдулло Ғурбатиро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард, пас аз анҷоми мурофиа аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ намуд. Вакилони мудофеъ мегӯянд, мақомот барои исботи иддаои худ далели кофӣ надоранд.
Ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ Шуҳрат Қудратов мегӯяд, тибқи моддаи 273-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон, тамоми мурофиаҳои додгоҳӣ бояд ошкоро сурат бигиранд. Бо истиснои ҳолатҳое, ки мурофиаи судӣ боиси ифшои сирри давлатӣ, сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мегардад ё дар баъзе ҳолатҳои ба ноболиғон рабтдошта, инчунин барои таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа ва шоҳидон, аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо.
Ба гуфтаи Қудратов, дар оғози ҷаласаи додгоҳӣ додрас бояд сабабҳои пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиаро баён кунад. Аммо дар қазияҳои охир ин тавр нашуд.
“Тамоми иттиҳомоти зидди онҳо шубҳанок аст. Аз ин рӯ, мурофиаҳо пӯшида баргузор мешаванд. Агар мақомоти тафтишотӣ ба иттиҳомоти ироакардаи худ боварии комил медоштанд, ҳеч гоҳ ин гуна парвандаҳоро паси дарҳои баста анҷом намедоданд”,- мегӯяд ҳуқуқшинос.
То ва баъд аз соли 2015
Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори хабаргузории “Азия-Плюс” соли 2012 ба журналистика ворид шуд. 10 соли кор дар расонаҳоро ба ду давра – то ва баъд аз соли 2015 ҷудо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, то аввалҳои соли 2015 шароити кори хабарнигорон дар Тоҷикистон нисбатан озод буда, дар кишвар 3-4 расонаи хусусии бонуфузи ҳирфаӣ фаъолият мекард. Аммо “фазои озодии баён” рӯз то рӯз тангтар мешавад.
Агар дар ибтидои фаъолияти ӯ амалан ягон мавзӯе набуд, ки рӯзноманигорон дар бораи он суҳбат карда натавонанд, пас аз 10 сол вазъият ба таври куллӣ тағйир ёфт.
“Ҳабси Абдулло Ғурбатӣ ва Дарери Имомалӣ нишон дод, ки дар масъалаҳои иҷтимоӣ хатти сурхе вуҷуд дорад, ки набояд онро убур кард. Яъне, ҳоло матолиби мо дар кадом мавзӯе ки набошад, ҳатто мавзӯъҳои иҷтимоӣ, шояд ба ягон мансабдор писанд наояд ва ӯ метавонад шикоят кунад ва ҳатто рӯзноманигоронро зиндонӣ кунад. Соли 2012 имкон дошт, ки ба назди вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ рафта, бо онҳо суҳбат кунӣ. Ҳоло бошад, ҳатто аз оддитарин мутахассис гирифтани маълумот ғайриимкон аст”,- мегӯяд Мазҳаб Ҷумъа.
Шурӯъ аз моҳи майи соли 2022 ва пас аз эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, мақомот ҳафт блогнавис ва хабарнигор — Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Ғулом, Муҳаммадӣ Султон, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро боздошт карданд. Давоми даҳ соли охир якбора дастгир шудани ин қадар рӯзноманигор дар Тоҷикистон як ҳодисаи нодир ба шумор меравад.
Ҳарчанд ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар кишвар фишор ба озодии баён аз соли 2012 афзоиш ёфт, аммо пас аз соли 2015 он ҳарчӣ бештар эҳсос мешавад.
Моҳи сентябри соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки муовини собиқи вазири мудофиа, генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бо мусоидати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мехост ошӯби мусаллаҳона анҷом бидиҳад.
Пас аз ин мақомот Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон карданд. Он замон даҳҳо хабарнигори тоҷик маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд.
Аммо агар дар соли 2015 Тоҷикистон аз лиҳози озодии баён дар раддабандии созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар ҷои 116-ум қарор дошт, пас дар соли 2021 зинаи 162-юмро муаррифӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти кишвар ҳамеша иттиҳомоти маҳдуд кардани озодии баёнро рад мекунанд. Масъулини Вазорати фарҳанг борҳо таъкид кардаанд, ки қонунгузории Тоҷикистон барои фаъолияти озоди расонаҳо тамоми имконотро фароҳам кардааст. Яке аз далелҳои мақомот ин аст, ки 75 дарсади расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон ғайридавлатӣ ҳастанд. Аммо он чи ки тайи даҳ соли ахир дар Тоҷикистон рух дод, чунин изҳоротро зери суол мебарад.
Пас аз соли 2015 дар кишвар чанд расонаи ҳирфаӣ – ҳафтаномаҳои “Нигоҳ”-у “Озодагон” ва хабаргузориҳои “TojNews”-у “Озодагон” аз фаъолият бозмонданд. Ин расонаҳо аз ҳукумат интиқод карда, аз нашри матолиби супоришии мақомот худдорӣ мекарданд. Расонаҳои дигар маҷбуранд аз инъикоси бисьёр мавзӯъҳои мушкилзо худдорӣ кунанд.
Моҳи майи соли 2022 хабаргузории “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки бинобар ҳушдори расмии Додситонии кулл наметавонад тазоҳуроти эътирозӣ дар вилояти Бадахшонро инъикос кунад. Расонаҳои дигари маҳаллӣ бошанд, аснои инъикоси тазоҳуроти ВМКБ асосан гузоришҳои ниҳодҳои расмиро нашр мекарданд.
Чаро мақомот фишор ба расонаҳоро афзоиш доданд?
Абдумалик Қодиров, коршиноси ВАО мегӯяд, сабаби аслии афзоиши фишор болои хабарнигорон ба омилҳои дохилӣ рабт дорад. Асосан, бо майл надоштани мақомот барои шунидани ҳақиқат.
“Рӯзноманигорони озодандеш рӯйдодҳоро дурусту содиқона инъикос мекарданд ва ин ба манфиати мақомдорон набуд”,- мегӯяд Қодиров.
Ба гуфтаи ӯ, омилҳои беруна низ вуҷуд дорад – бад шудани вазъ дар минтақа ва фишор болои расонаҳо дар Русия.
“Мақомоти Тоҷикистон эҳсос карданд, ки худашон шоҳу табъашон вазир аст. Вақте диданд ки Русия, шарики асосӣ ба расонаҳо фишор меоварад, онҳо низ ҳамин таҷрибаро ба кор бурданд”,- таъкид мекунад Абдумалик Қодиров.
Ба андешаи ӯ, бо шурӯи ҷанг дар Украина абарқудратҳои ғарбӣ, ки қаблан ҳомиёни аслии озодиҳои шаҳрвандӣ буданд, таваҷҷуҳи бештарро ба амнияти минтақа равон карданд.
“Онҳо аз мушкилоти озодиҳои шаҳрвандӣ чашм мепӯшанд, то аз авҷ гирифтани таниш дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. Дар зимн, ҳукумати Тоҷикистон дасти худро бозтар дид ва кор то ҷойе расид, ки ҳоло шоҳидаш ҳастем”,- илова намуд Қодиров.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла “Гузоришгарони бидуни марз” ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба рӯзноманигорони мустақил интиқод мекунанд. Аммо мақомот ин ҳама танқидҳоро нодида мегиранд. Агарчӣ ба назар мерасад, ки гуфтани мушкилот метавонад барои кишвар, пеш аз ҳама барои ҳукумат манфиатбор бошад.
Ба эътиқоди Умед Бобохонов, муассис ва раҳбари гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс”, расонаҳо пуле миёни ҷомеа ва ҳукумат ҳастанд.
“Албатта, на ҳама маълумот дар ВАО ба ҳукумат ва ҷомеа писанд меояд, аммо он ҳамеша муфид аст. Ин мисли муроҷиат ба табиб аст, ки баъди ташхис бемории шуморо муайян мекунад. Баъди муайян кардани беморӣ, табобат таъин мекунад. Васоити ахбори омма мушкилоти ҷомеаро ошкор мекунанд, то ҳукумат онҳоро ҳал кунад”, – таъкид мекунад Бобохонов.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста