Эдсон Арантис ду Насименту, ситораи пешини тими миллии футболи Бразилия ва бошгоҳи Сантос, устураи футболи ҷаҳон, се карат қаҳрамони ҷаҳон ва шоҳи футбол дар қарни гузашта, ки бо номи Пеле шӯҳратёр гашта буд дирӯз, 29-уми декабр, дар синни 82 солагӣ даргузашт.
Пеле ҳафтаи гузашта ба шифохона мунтақил шуда буд. Дар ин як ҳафтае, ки ӯ дар шифохона қарор дошт, шинохтатарин чеҳраҳои футболи ҷаҳон барояш дуо мекарданд.
Бояд гуфт, ки Пеле дар як соли гузашта саломатии хуб надошт ва чанд маротиба ба табибон муроҷиат намуда буд.
Ҳамакнун, бо даргузашти Пела ҷаҳони футбол аз як достони воқеӣ хайрбод гуфт. Пеле ҳамакнун устура хоҳад буд.
Пеле 23 октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Корасойнси Бразилия таваллуд шудааст. Устоди аввалини ӯ падараш буд. Падари Пеле ҳам футболбоз буд, аммо бо сабаби ҷароҳат барвақт аз футболбозӣ дур шуд ва тамоми орзуҳои худро дар фарзанди худ меҷуст.
Пеле соли 1957 дар синни 16-солагӣ ба тими миллии футболи Бразилия даъват гардид ва аввалин бозии худро гузаронид. Ӯ дар тими милли дар умум 15 сол ҳунарнамоӣ кард.
Соли 1958 Пеле дар ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия ба ҷоми ҷаҳон рафт ва дар Шветсия бори аввал бозӣ намуд. Дар бозӣ бо тими миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайати асосии тими худ дохил шуд. Дар бозии чорякфинал бо Уэлс голи ҳалкунанда зад. Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бо тими Фаронса хет-трик кард ва дар даври ниҳоӣ ба дарвозаи мизбонони мусобиқот ду гол зад. Пелеи 17-сола беҳтарин бозигар ва ҷавонтарин қаҳрамони таърихи чемпионатҳои ҷаҳон гардид.
Баъдан ӯ дар солҳои 1962 ва 1970 низ бо тими миллии Бразилия қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон шуд. Ҳамин тавр, Пеле се карат қаҳрамони ҷаҳон гардид ва то ҳол ӯ ягона футболбозест, ки ин дастовардро соҳиб аст.
Дар дастаи Сантос аз соли 1956 то 1974 бозӣ кард.
Соли 1974 ӯ эъломи бознишастагӣ кард, аммо дар соли 1975 бо як қарордоди сесолаи ҳафт миллион долларӣ бо ширкати Ню-Йорк Космоси Лигаи футболи ИМА шартнома баст.
Ӯ пас аз ду соли ҳузур дар ин даста, соли 1977 бознишаста шуд.
Пеле дар тамоми давраи футболи худ дар ҳайати даста 757 ва дар тими миллии Бразилия 77 гол задааст.
Ин устураи футбол дар соли 1978 ҷоизаи сулҳи байналмилалиро дарёфт кард ва дар сол 1980 тавассути нашрияи варзишии Франсави L’Equipe ба унвони варзишкори қарн муаррифӣ шуд.
Бояд гуфӣ, ки бештари коршиносон аз ӯ ба унвони беҳтарин бозикуни таърихи футбол ёд мекунанд ва соири ситораҳои футбол барои арзёбии мизони муваффақиятҳояшон бо Пеле муқоиса мешаванд.
Пеле мулаққаб ба «марвориди сиёҳ» буд ва пас аз ин қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия ба унвони як ганҷи миллӣ муаррифӣ шуд.
Моро дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК пайгирӣ кунед.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста