Соли 2022–юм 269 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд боздошт шудаанд. Дар ин бора Қурбони Алимардон, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Қурбони Алимардон, ҳамзамон 1294 нафар шаҳрвандоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон хориҷ шуда буданд, тавассути ин фурудгоҳ ба ватан баргаштаанд.
Қурбони Алимардон ҳамчунин гуфт, соли гузашта чанд парвоз ва бо чӣ сабаб ба таъхир афтодаанд:
- Бо таъхир омадани ҳавопаймо – 703 ҳолат;
- Нуқсони техникӣ дар ҳавопаймо - 16 ҳолат;
- Маҳдудияти фурудгоҳ - 12 ҳолат;
- Номусоидии боду ҳаво - 63 ҳолат;
- Интизории роҳбалад - 2 ҳолат;
- Дигар ҳодисаҳо - 48 ҳолат.
Ба қавли Қурбони Алимардон, дар давраи ҳисоботӣ 790 нафар оид ба дер омадани бағоҷашон муроҷиат кардаанд, ки нисбати як соли қабл 609 муроҷиат зиёд аст.

Қурбони Алимардон афзуд, ки дер омадани бағоҷи мусофирон бо айби кормандони фурудгоҳҳои интиқолдиҳанда ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба амал омада, ба фаъолияти кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд алоқамандӣ надорад.
“Дер омадани бағоҷи шаҳрвандон бо гуноҳи ширкатҳои “Уралские авиалинии” - 281 маротиба, “Сибир” - 490 маротиба, ҶСК “Сомон Эйр” - 14 маротиба, “Ямал”- 4 маротиба ва “Нордвинд” - 1 маротиба ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии муроҷиатҳо 755 эрод қонеъ карда шуда, 15 адади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 “Фурудгоҳи байналмилаии Хуҷанд” ба 910 ҳазору 973 нафар хизмат расонидааст, ки нисбати соли 2021-ум 537 ҳазору 274 нафар мусофир зиёд аст.
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?
Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад. Сабаб чист?
Пагоҳ парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд
Соли 2024 муҳоҷирон ба буҷети Русия 123 млрд рубл андоз пардохт карданд
Созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуд
ВКД ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия худдорӣ кунанд
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров Созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста