Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2030-юм 12-сола мешавад ва қабул ба синфи 1-ум аз 6-солагӣ оғоз меёбад. Дар ин бора Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи “Омӯзгор” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, бо назардошти талаботи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳсилот дар макотиби кишвар 10-солаи асосӣ ва 12-солаи миёнаи умумӣ мешавад. То ба ҳол таҳсилоти асосӣ 9-сола, яъне ҳатмӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 11-сола, яъне ихтиёрӣ, аст.
“Қабули хонандагон ба синфи як аз 6-солагӣ пешбинӣ гардидааст”, - гуфтааст Абдулзода.
Муовини вазири маориф ва илм афзудааст, дар асоси барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 ба таълими ин ду забон бештар таваҷҷӯҳ равона карда мешавад.
Ӯ гуфтааст, дар доираи татбиқи барномаи мазкур таълими забони русӣ аз синфи 2 ва таълими забони англисӣ аз синфи 3 оғоз мешавад. Дар мактабҳои ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар асоси дархости падару модарон ва густариши муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Русия ва хориҷи дур барои таълими ин забонҳо аз синфи 1 иҷозат дода шудааст.
“Дар қисмати иловагии нақшаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 4 то 8 соат пешбинӣ гардида, қисми зиёди онҳо ба тақвияти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ истифода карда мешаванд”, - афзудааст Зиёдулло Абдулзода.
Бояд гуфт, ки гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола дар макотиби кишвар чандин сол аст мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ва ин аз камтарин ҳолатҳое, ки муовини вазири маориф ҷузъиёти ин тасмимро то андозае ошкор карда, муҳлати татбиқи онро зикр мекунад.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста