Баробари Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини Кӯлоб, ки шаби 2-юми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст.
Радиои Озодӣ бо истинод ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон навиштааст, Давлатмурод Розиқов, додари Абдуқаҳҳор Розиқов дар номае ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтааст, бародараш бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи маъмурони милиса ҷон бохт.
Ин расона навиштааст, аризаи Давлатмурод Розиқов 5-уми январи имсол ба Додгоҳ фиристода шудааст, аммо ба он ҳоло посух дода нашгудааст.
“Намояндагони Эътилоф рӯзи 13-уми феврал дар хабарномае гуфтаанд, Давлатмурод Розиқов дар қазияи бародараш “ҷабрдида эътироф шуда буд” ва “аз кирдорҳои маъмурони идораи корҳои дохилӣ ба ӯ зарари маънавӣ расидааст”, - навиштааст Радиои Озодӣ.
Ёдовар бояд шуд, ки боздошт ва марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб шаби 2-юм ба 3-юми январи соли ҷорӣ иттифоқ афтод.
Он замон ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид. Павйвандонаш ин иттиҳомро рад карда, сабаби марги Розиқовро шиканҷаи кормандони милиса номида буданд.
Аммо ин ҳодиса боиси эътирози гурӯҳе аз пайвандони Розиқов ва сокинони шаҳри Кӯлоб шуд. Чанд нафар аз эътирозгарон як рӯз ҷасадро аз сардхона нагирифта, гуфтанд, то мақомот ваъдаи ҷазои шиканҷагаронро надиҳанд, бинои сардхонаро тарк нахоҳанд кард.
Дар пайи ин, намояндагони мақомот ваъда доданд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд.
Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2023 додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми се милисаи муттаҳам ба марги Абдуқаҳҳор Розиқовро содир кард. Ҳар кадоме аз онҳо ба 14-солии зиндон маҳкум шуданд.
Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор шуданд.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста