Имрӯз, 1-уми марти соли 2024, дар нахустин рӯзи фасли баҳор қариб дар ҳамаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар тамоми шаҳри Душанбе, интиқоли қувваи барқ якбора қатъ шуд. Мақомот сабаби қатъи сартосарии барқро дар кишвар ва махсусан дар пойтахт шарҳ надоданд. Вале як манбаи “Азия-Плюс” аз НБО “Норак” сабаби онро садама дар кори ин нерӯгоҳ унвон кард.
Қатъи сартосарии барқ дар пойтахт, ҳудудан 2 соат тӯл кашид. Соати тақрибан 13:40 барқ дар аксари маҳаллиҳои Душанбе барқарор шуд, аммо сари чанд вақт хомӯш мешавад. Дар минтақаҳо то ба ҳол барқ нест.
Сокинони пойтахт аввалин шуда аз қатъи барқ хабар доданд. Ба ҷуз аз бебарқӣ, сокинони шаҳр аз қатъи интиқоли гармӣ ва оби ошомиданӣ ва набуди иртиботу интернет дар бархе аз ширкатҳои мобилӣ шикоят карданд.
Қариб дар як вақт бо пойтахт дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар интиқоли барқ қатъ шуд. Хонандагони “Азия-Плюс” аз қатъи нерӯи барқ дар Хуҷанд ва бархе аз навоҳии вилояти Суғд хабар медиҳанд.
Тибқи иттилои “Азия-Плюс”, миёни шаҳрҳои бузург ва марказҳои вилоят нерӯи барқ танҳо дар шаҳри Бохтар мавҷуд аст. ВМКБ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии маҳаллӣ бо қувваи барқ таъмин аст. Дар Кӯлоб ҳам ба ғайр аз як кӯча дигар дар тамоми шаҳр барқ нест.
То вақти нашри мавод, ҳеҷ ниҳоди масъул, аз ҷумла Вазорати энерегетика ва захираҳои об, “Барқи тоҷик”, Шабакаҳои тақсимоти барқи кишвар, аз ҷумла филиали ин ниҳод дар шаҳри Душанбе, ки масъули тақсимоти барқ дар кишваранд, сабаби қатъи барқро шарҳ надоданд.
Имрӯз, 1-уми март, як манбаъи “Азия-Плюс” аз НБО “Норак” гуфт, сабаби қатъи сартосарии барқ садама дар кори ин неругоҳ аст. Дар ҳоли ҳозир мо натавонистем ин хабарро расман ё аз манобеи дигар таъйид ё рад кунем.
Вақте дирӯз, 29-уми феврал, сабаби қатъи барқро дар пойтахт пурсидем, як манбаъ аз шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе гуфт, сабаби қатъи барқ дар пойтахт ин ба таври назаррас кам шудани оби обанбори “Норак” аст.
Ӯ, ки баъди шарҳи масъала аз гуфтани ному насбаш худдорӣ кард, таъкид намуд, ки ҳадаф сарфи нерӯи барқ дар рӯзҳои оянда аст.
“Агар нерӯи барқро сарфа накунем, то 10-11-уми март оби обанбор “Норак” ба ҳадде поён мешавад, ки дигар имкони таъмини барқ дар тамоми кишвар намешавад. Аз ин рӯ, сарфа мекунем”, - гуфт манбаъи мо.
Вай тасдиқ кард, ки дар аксари минтақаҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла маркази пойтахт чанд рӯзи охир барқ чанд соат қатъ шуд ва барқ дар пойтахт бо навбат ва аз рӯи реҷаи муайян қатъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба навбатдори Идораи барқи Душанбе навишт, ки “дастур гирифтаанд, ки интиқоли нерӯи барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд”. Ин навбатдор ҳам гуфтааст, “сабаб кам будани об дар обанбори “Норак” аст”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аввали моҳи феврал масъулини нерӯгоҳи “Норак” гуфта буданд, ки об дар обанбор назар ба соли гузашта бештар аст.
Қатъи сартосарии барқ дар аксари шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла дар тамоми пойтахт дар ҳолест, ки тайи се рӯзи охир сокинони кишвар беш аз ҳаравақта аз маҳдудияти барқ шикоят доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир якбора ҳарорати ҳаво паст шуд ва сокинон, махсусан онҳое, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд, аз сард шудани хонаҳояшон шикоят доранд.
Субҳи дирӯз, 29-уми феврал, аҳолии маҳаллаҳои нисбатан дуртари пойтахт, мисли Зарафшон ва Гипрозем, маҳаллаи “Бадахшон” аз қатъи интиқоли барқ шикоят карданд. Онҳо бо нашри аксу наворҳо аз хонаҳояшон нигаронӣ мекунанд, ки қатъи барқ дар ин ҳавои сард боиси мушкили иҷтимоии онҳо гардидааст. Сокинон мегӯянд, дар ҳавои хунук ду рӯз боз соатҳо аз рӯшноиву гармӣ маҳрум ҳастанд. Ин ҳолат зиндагиро дар баландошёнаҳо мушкилтар кардааст.
Дар пайи ин бархеҳо шикоят доранд, ки низоми гармидиҳӣ ҳам ба мушкил мувоҷеҳ шудааст ва бархеҳо аз қатъи гармӣ низ дар хонаҳояшон дар пайи хунукиҳои рӯзҳои охир шикоят мекунанд.
Дирӯз, 29-уми феврал, аз Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби қатъи барқро шарҳ надоданд. Аз ҷумла Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси шабакаҳои барқи пойтахт дар бахши техникӣ гуфт, ки инро танҳо раиси шабакаҳои барқи Душанбе ҳаққи шарҳ додан дорад ва ӯ дар робита ба ин чизе гуфта наметавонад. Ӯ бо ваъдаи маълум кардани вазъ ва дубора бо “Азия-Плюс” дар тамос баромадан тамосро қатъ кард.
Ба зангҳои пайдарпайи мо директори шабакаҳои тақсимоти барқии шаҳри Душанбе посух надод. Дар сурати шарҳи масъала омодаем онро нашр кунем.
Аз ин пештар ҳукумати шаҳри Турсунзода ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, бо истинод ба ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудиятҳо дар интиқоли барқро “ба поинравии сатҳи об дар обанбори Норак” шарҳ дода буд
“Тадбирҳои андешида муваққатианд, онҳо барои як давраи муайян пешбинӣ шуда, пас аз ба эътидол омадани вазъият, рӯзҳои наздик маҳдудиятҳои интиқоли барқ бекор мешаванд”, - таъкид месозанд муаллифони муроҷиат.
Ёдрас мекунем, ки дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, ки ҳудуди 70%-и аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз 20-уми сентябри соли гузашта нерӯи барқ бо маҳдудият интиқол дода мешавад. Мардум шабонарӯз ҳамагӣ 8-9 соат - субҳ 3 соат ва шаб 5-6 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар ин робита изҳор намуд, ки муҳлати бекор шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ ҳоло маълум нест.
“Теъдоди аҳолии кишвар босуръат зиёд ва сатҳии зиндагӣ беҳтар шуда, мутаносибан талабот ба барқ низ афзоиш меёбад”, - иброз дошт ӯ.
Раҳбарияти Вазорати энергетика низ сабаби маҳдудияти интиқоли барқро афзоиши босуръати иқтисоди кишвар ва тағйирёбии иқлим маънидод карда буданд.
Дар Вазорат зикр карданд, ки ҳаҷми боришот дар мавсими тирамоҳу зимистон дар муқоиса бо ҳамин давраи солҳои 2022-2023 қариб 95% кам шуд, ки ба маҷрои об дар дарёи Вахш таъсири манфӣ расонид. Иқтидорҳои асосии энергетикии кишвар дар ҳамин дарё сохта шудаанд.
Қатъи сартосарии барқ дар тамоми кишвар дар ҳолест, ки масъулин ва ё ба истилоҳ қомисияи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ҳамасола аз омодагии хуб ҳисобот медиҳад. Ниҳодҳои масъули тақсимоти барқу дигар хидматрасониҳои коммуналӣ ҳам ҳамеша аз омодагӣ барои гузаронидани зимистон мегуфтанд.
Аммо, чанд рӯзи сард собит намуд, ки масъулини дахлдори кишвар барои зимистонгузаронӣ омода набудаанд.
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста