Дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари дунё амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин зикр кард.
Номбурда аз ҳеҷ ҳодисаи ҷудогона ном набурд ва танҳо гуфт, “ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.
Ин нигаронӣ дар ҳолест, ки чанд соли охир дар робита ба ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкил ё ҳамдастӣ ба амалҳои террористӣ дар Эрон, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳо хабарҳо нашр шмешавад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло 4075 шаҳрванди Тоҷикистон барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.
Ӯ ба Додситонии кулли кишвар супориш дод, ки дар робита ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта ситод таъсис дода шавад.
Ба иттилои ӯ, зиёда аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ширкат кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.
Президент афзуд, ки дар даҳ соли охир 1640 нафаре, ки дар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил буданд, ба ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд.
Ба гуфтаи номбурда, танҳо соли 2023-юм 328 нафар ва дар ду моҳи соли равон 140 шаҳрванди Тоҷикистон бо ихтиёри худ ба ватан баргашта, авф шуданд.
Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки тайи чанд соли охир чанд хабар дар бораи ширкати шаҳрвнадони Тоҷикистон дар ҳамалҳои террористӣ дар Эрону Туркия ва Олмон расонаӣ шада буд.
Аз ҷумла, ба иттилои мақомоти Эрон дар таркиши рӯзи 3-юми январ дар музофоти Кирмони Эрон, ки боиси кушта шудани 89 кас ва захмӣ гардидани садҳо нафар шуд, ду шаҳрванди Тоҷикистон низ даст доштанд.
Соли гузашта ҳам як шаҳрванди Тоҷикистон дар таркише дар зиёратгоҳи Шаҳчароғ даст дошт, ки баъдан ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Ҳамчунин, чанде пеш дар пайи як ҳамалаи террористӣ ба калисои католикӣ дар Туркия яке аз гумонбарон шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешуд.




Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста