Русия хароҷоти сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Тоҷикистонро ба зимма гирифтааст ва дар ин робита ду ҷониб созишнома ба имзо расонидаанд. Аммо Русия нусхаи ҳамаи санад ва лоиҳаи театрро зери назарот мегирад ва дар ин ротиба комиссияи махсуси дуҷониба таъсис хоҳад шуд. Аҳли театр аз соҳиби бинои нав шудан хурсанд ҳастанд ва мегӯянд, ки “аз иҷоранишинӣ халос мешавем”.
Қабули шартҳои сохтмон ва фаъолияти театр
Дар даъвати шашуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созишнома баррасӣ ва қабул шудааст.
Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги кишвар, дар парлумон гуфтааст, соли 2023 дар доираи форуми “Душанбе Инвест - 2023” дар бораи оғози сохтмони Театри Маяковский дар шаҳри Душанбе бо ҷониби Русия тасмим гирифта шуд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия Созишнома оид ба шартҳои сохтмон ва фаъолияти МД “Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский” қабул гардид.
Ғайр аз ин, дар ин робита қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон низ аз 28-уми марти соли 2024 қабул шудааст.
Вазорати фарҳанг ҳамчун мақоми ваколатдори амалисозии созишномаи мазкур муваззаф буда, корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, мутобиқи нишондоди моддаи 4, зербанди 3-и созишнома ҷониби Тоҷикистон:
- тибқи қарори шаҳрдори Душанбе аз 26-уми сентябри соли 2023 дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино 1 гектар замин ҷудо шудааст;
- аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе парвандаи замин таҳия ва қитъаи замин барои сохтмони бинои театр ба расмият дароварда шудааст;
- ҷониби Русия хароҷоти сохтмонро ба зимма гирифтааст;
- минбаъд маълумот ва нусхаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистонро, ки барои лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи минбаъдаи иншоот заруранд, дар ҳаҷм ва дар муҳлати мувофиқашуда ба ҷониби Русия интиқол дода мешавад;
- комиссияи махсуси дуҷониба таъсис шуда ва иттилооти дахлдор вобаста ба рафти сохтмон ба он комиссия пешниҳод хоҳад шуд.
Ба гуфтаи муовизи вазири фарҳанг, созишномаи мазкур, ки баъд аз иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо менамояд, ба муҳлати 15 сол баста шуда, баъдан ба давраҳои 5 соли минбаъда тамдид мегардад.
“Ҷавобгӯи талаботи муосир аст”
Гавҳар Шарофзода, узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар парлумон қабули ин созишномаро дастгирӣ кардааст.
“Ин созишнома бо мақсади вусъати ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи театр, ҳифз ва такомули анъанаҳои театрӣ, шиносоӣ бо осори драмматургони ватаниву ҷаҳонӣ таҳия гардидааст”, - гуфтааст Шарофзода.
Ӯ таъкид кардааст, ки Созишномаи мазкур ҷавобгӯи талаботи муосир аст, хароҷоти иловагии буҷетиро талаб наменамояд ва ба меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар мухолифат намекунад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои сохтмон ва фаъолияти Муассисаи давлатии “Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардидааст.
“Аз иҷоранишинӣ халос мешавем”
Бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар шаҳри Душанбе соли 2016 тахриб шуд. Ҳунармандони ин театр муддате дар кинотеатри “Тоҷикистон” фаъолият карданд ва чанд соли охир дар ошёнаи сеюми Театри Лоҳутӣ намоишномаҳои худро рӯи саҳна мегузоранд.
Хуршед Мустафоев, саркоргардони ин театр дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аҳли театр аз қабули созишнома миёни Тоҷикистону Русия хабар доранд ва масъулин ваъда додаанд, ки моҳи дигар сохтмони биноро оғоз мекунанд.
“Бинои нави театри мо дар наздикии Вазорати энергетика ва захираҳои об бунёд мешавад ва аз рӯи ваъдаи масъулин моҳи май сохтмонаш оғоз мешавад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи ин театр ҳам дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чашминтизори оғози сохтмони Театр Маяковский ҳаст ва афзуд, ки “билохира аз иҷоранишинӣ халос мешавем”.
Бояд гуфт, ки бинои тахрибшудаи Театри Маяковский аз қадимтарин биноҳои шаҳри Душанбе ба ҳисоб мерафт ва гуфта мешуд, ки таъсиси ҶМШС Тоҷикистон дар соли 1924 маҳз дар ҳамин бино эълон шуда буд.
Новобаста аз ин, ҳунармандони Театри Маяковский фаъолияти назаррас доранд ва дар охирин ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту - 2023” бо намоишномаи “Мастер ва Маргарита” соҳиби “Шоҳҷоиза” гардида буданд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста