Тими миллии футзали Тоҷикистон бо мунтахабҳои Испания ва Ҳолланд дар Душанбе бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсия футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин бозиҳо моҳи сентябри соли равон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳони футзал - 2024 гузаронида мешаванд.

Шогирдони Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, рӯзи 5-уми сентябр бо тими миллии футзали Испания ва 8-уми сентябр бо тими миллии футзали Ҳолланд вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Бозиҳои дӯстона дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и Душанбе доир хоҳанд шуд.

Дар чаҳорчӯби ҳамин рақобатҳои дӯстона рӯзи 7-уми сентябр дар Душанбе мунтахабҳои Испания ва Ҳолланд ҳам як рақобат байни ҳам анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол тими миллии футзали Тоҷикистон барои аввалин бор ба Ҷоми ҷаҳони футзал роҳхат гирифт. Даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбакистон – Бухоро, Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.

Тоҷикистон дар доираи бозиҳои гурӯҳӣ рӯзи 16-уми сентябр бо Марокаш, 19-уми сентябр бо Пуртуғол ва 22-юми сентябр бо Панама дидор анҷом медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.