Фонди « Моя история» (Таърихи ман) бо дастгирии Вазорати маорифи Русия рӯзи 3 октябр ба Вазорати маорифи Тоҷикистон зиёда аз 371 ҳазор китоби дарсии забони русӣ барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11-ро супорид.
Китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълимашон бо забони русӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Наврӯз Мирзо, директори Маркази таҳия, чоп ва тақсимоти китобҳои китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ хабар дод.
Наврӯз Мирзо инчунин зикр кард, ки китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ аз синфи 2 то 11 низ таҳия ва мутобиқ карда шуда, аммо то ба ҳол танҳо китобҳои дарсӣ барои синфҳои дуюм чоп ва супорида шудаанд.
Қисме аз китобҳо дар Русия ва қисме дар Тоҷикистон нашр шудааст. Дар Барнома афзоиши минбаъдаи миқдор ва таъмини мунтазами китобҳои дарсӣ, ки хусусиятҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистонро ба назар мегиранд, пешбинӣ шудааст.
Дар таҳия ва мутобиқсозии китобҳо коршиносони ҳар ду кишвар ширкат варзида, ташхиси ниҳоии маводҳо дар моҳи июл дар Вазорати маорифи Тоҷикистон гузаронида шуд.
Қаблан Владимир Путин низ изҳор дошта буд, ки Русия ҳар сол барои харидории китобҳои дарсӣ барои мактабҳои русзабони Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо хоҳад кард.