Дар Тоҷикистон номи беш аз 500 деҳа, ки номҳои русӣ, туркӣ ва ё ба номи шахсиятҳои замони Шӯравӣ номгузорӣ шуда буданд, ба гуфтаи маоқмқот "ба номҳои тоҷикӣ" иваз карда шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон тағйири ҷойномҳоро дар вилояти Хатлон дастгирӣ кард ва онро барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст. Ин тағйирот бо ташаббуси Маҷлиси вакилони халқи Хатлон дар 24 шаҳру ноҳияи ин вилоят сурат мегирад.
Дасткашӣ аз “мерос”-и шӯравӣ?
Аксари ин номҳо аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, аксарашон номи "Коммунист", "Коммунизм", "Ленинобод", "Октябр", "Правда", "Киров", "Горкий", "Пушкин" ва халқиятҳо - "Тоҷикобод", "Ӯзбекобод", "Қирғизобод", "Қазоқобод" ва ғайраро доштанд.
Масалан, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи Коммунист ба деҳаи Ганҷобод ва дар ноҳияи Панҷ деҳаи Коммунизм ба деҳаи Барзгарон иваз шуд.
Дар ноҳияи Шаҳритус деҳаи Ленинобод ба деҳаи Сомониён ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ деҳаи Роҳи Ленинӣ ба деҳаи Пирӯзон иваз гардиданд.
Дар ноҳияиҳои Вахш ва Кӯшониён, ки ду деҳа Октябр ном доштанд, ба Обшорон ва Хуррамдеҳ ҷойгузин шуданд. Дар навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ ва Панҷ деҳоте, ки Правда ном доштанд, ба Сабздеҳ ва Кабутоб иваз гардиданд.
Ҳамзамон, ҷойномҳое, ки ба номи шахсиятҳои рус гузошта шуда буданд, акнун ба ҷойномҳои тоҷикӣ иваз шуданд: Пушкин - Гулпушта, Горкий - Ҳуснобод, Орҷоникидзе - Рӯдхона.
Инчунин, 18 деҳа, ҷамоати деҳот ва шаҳрак дар гӯшаҳои гуногунии вилояти Хатлон, ки ба номи Киров буданд, ба гунаҳои тоҷикӣ иваз гардидаанд.
Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳои пеш номи вилоят ва шаҳру навоҳиро, ки аз замони шӯравӣ русӣ монда буданд, ива кард. Аз ҷумла, вилояти Ленинобод - Суғд шуд ва ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов, Куйбишев ба Абдураҳмони Ҷомӣ ва Маскав ба Ҳамадонӣ иваз гардида буданд.
Иваз кардани ҷойномҳои туркӣ
Дар шаҳру навоҳии гуногуни вилояти Хатлон ҳамзамон як силсила ҷойномҳои туркӣ ба гунаҳои тоҷикӣ иваз гардидаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҳамадонӣ деҳаи Тутбулоқ ба деҳаи Тутчашма, деҳаи Маслуқ ба деҳаи Барзгарон, деҳаи Қайрағоч ба деҳаи Қадамҷо ва деҳаи Туғул ба деҳаи Қуҳандиёр иваз гардидаанд.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ деҳаи Бурбулоқ ба деҳаи Чашма, деҳаи Узун ба деҳаи Шоҳроҳ, деҳаи Уртабуз ба деҳаи Зартеппа, деҳаи Учқун ба деҳаи Камолиён ва деҳаи Қизилбайрақ ба деҳаи Бофандагон гузаронида шудаанд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ деҳаи Пасариқ ба деҳаи Пасарғоб, дар ноҳияи Ёвон деҳаи Қуймот ба Челонзор, дар ноҳияи Кӯшониён деҳаи Қизилпартизан ба Фарзонагон ва дар ноҳияи Восеъ деҳаи Қайнар ба Сардиж ҷойгузин шудаанд.
Аз баҳри "Ӯзбекобод"-у "Қирғизобод" ҳам гузаштанд
Дар шаҳру навоҳии гуногуни вилояти Хатлон 7 деҳа ва ҷамоати деҳот, ки "Тоҷикобод" ном доштанд, ба гунаҳои дигар иваз гардиданд. Дар ин баробар, ҷойномҳои дигаре, ки ба номи халқиятҳо ном ниҳода шуда буданд, иваз гардиданд:
- Ӯзбекобод ба Балхиён;
- Қирғизобод ба Ҳазордеҳ;
- Қазоқобод ба Кӯҳи Сурх.
Номи Айниву Турсунзода ҳам иваз шуд
Ба ҳамин зайл, деҳа, ҷамоати деҳот ва шаҳракҳое, ки ба номи шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва чеҳраҳои ҳамон шаҳру навоҳӣ номгузорӣ шуда буданд, иваз карда шуданд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун деҳаи Ҷалолиддини Балхӣ ба Балхиён, дар ноҳияи Қубодиён деҳаи Садриддин Айнӣ ба Ахтарсо, дар ноҳияи Дӯстӣ деҳаи Лоҳутӣ ба Панҷшер, дар ноҳияи Кӯшониён деҳаи Мирзо Турсунзода ба Шедрӯд ва дар ноҳияи Темурмалик ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов ба деҳоти Гурдоварон иваз карда шуданд.
Ҳамин тавр, ҷойномҳои дигаре, ки ба номи чеҳраҳои маҳаллӣ номгузорӣ гардида буданд, ба гузинаҳои дигар иваз гардиданд. Масалан, дар шаҳри Кӯлоб деҳаи Ватаншо Шамсов ба Файзобод, Мадином Ибронов ба Лурдоб ва Маҳмадалӣ Ғаффоров ба Лоҷвард иваз шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки гузоштани ҷойномҳо ба исми шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохта яке аз масоили баҳсбарангез миёни забоншиносон аст. Гурӯҳе ақида доранд, ки бояд барои гиромидошти номи шахсиятҳои шинохта ба исмашон деҳа, нҳия ё шаҳре гузошта шавад. Аммо як зумра забоншиносони дигар бар ин назаранд, ки айнан ба номи фард номгузорӣ шудан дуруст нест ва онро бояд рабт дод.
Қаблан борҳо матраҳ шуда буд, ки Исмоили Сомонӣ ном гузоштани шаҳру навоҳӣ ғалат буда, мебояд онро ба Сомониён иваз кард.
Аз "Сомониён" то "Раҳмониён"
Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Кӯшониён шаҳраки Исмоили Сомонӣ ба Сомониён ва дар ноҳияи Данғара деҳаи Данғараи боло ба номи Раҳмониён иваз гардиданд.
Ғайр аз ин, чандин ҷойномҳое, ки бо пасванди “-обод” сохта шудаву маънои нохуш доштанд, иваз шуданд. Маслан, дар ноҳияи Ёвон ва Шамсиддин Шоҳин ду деҳа ба номи Зулмободро ба Меҳнатобод ва Даҳбед ҷойгузин карданд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Фархор номи деҳаи Муҳоҷирободро ба Ховарон иваз карданд.
Феҳристи комили иваз шудани номи деҳа, ҷамоати деҳот ва шаҳракҳо дар вилояти Хатлонро дар замимаи зерин дида метавонед.
Бояд гуфт, ки раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотии ахир дар моҳи июл гуфта, ки ба ин Кумита барои иваз намудани 524 маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ВМКБ 9 адад, вилоятҳои Суғд 11 адад, Хатлон 496 адад, ноҳияи Файзобод 8 адад, шаҳри Норак 1 адад ҳуҷҷатҳо ворид шудаанд.
Шарифҷон Ҷумъазода он вақт гуфта буд, то инҷониб зиёда аз 174 номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иваз карда шудаанд.
“Ҳоло беш аз 300 ҷойном дар саросари Тоҷикистон ғайритоҷикӣ ё ғайримеъёрӣ ҳастанд, ки дар оянда ҳатман иваз хоҳанд шуд”, - афзуда буд раиси Кумитаи рушди маҳал.
Ёдовар мешавем, ки бори охир моҳи августи соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон қарор дар мавриди табдили номи ҳудуди 3,5 ҳазор иншооти ҷуғрофиро дар қаламрави кишвар тасдиқ карда буд.
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста