Аз 1 то 3-юми октябри соли 2024 дар шаҳри Истаравшан нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ бо номи "Озар" баргузор мегардад. Дар ин фестивал 20 аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, зиёда за 40 ҳунарманд аз кишварҳои узви Шӯро ва 80 ҳунарманд аз шаҳри Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузории фестивал дар шаҳри Истаравшан рамзи фестивал тасдиқ гардид.
Рамзи фестивал аз ситораи ҳашткунҷа ва унсурҳои ҳунарҳои бостонии Истаравшан иборат аст.
Дар доираи фестивал баргузории намоиши маҳсулоти ҳунармандони кишварҳои узви Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, косибону устоҳои шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар аст.
Ҳамчунин, ба шаҳри Истаравшан шаҳодатномаи “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” супорида мешавад.
Ин аввалин шаҳр дар Тоҷикистон аст, ки соҳиби шаҳодатномаи “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” –и Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон мешавад.
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста