Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмааи умумии СММ бо ишора ба вазъи ҷаҳон, аз ҷумла мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард” ва низоъҳои мусаллаҳона пешниҳод кард, ки ин созмон қатъномаи махсуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул кунад.

Ӯ дар суханронии худ, дирӯз, 24-уми сентябр зикр кард, ки ин хатару таҳдидҳои глобалӣ оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.

“Дар ин зимина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Вай афзуд, таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад.

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад”.


Раисҷумҳур бо ишора пуштибонии Тоҷикистон аз татбиқи Рӯзномаи 2030 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор гуфт, якчанд мушкилоте мавҷуданд, ки барои маблағгузории саривақтӣ ҷиҳати рушди устувор монеа эҷод мекунанд.

“Нооромиҳои амниятӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

 

Ӯ гуфт, моро зарур аст, ки талошҳои худро ба хотири татбиқи саривақтии Рӯзномаи 2030 фаъолтар карда, ба масъалаи маблағгузории рушди устувор аҳаммияти махсус диҳем.

Президент баргузории “Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд”-ро, ки моҳи июли соли 2025 дар Испания баргузор шуда, барои дарёфти роҳҳои рафъи монеаҳо дар самти маблағгузории рушд муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин росто, идомаи маблағгузории институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахусус тавассути Ассосиатсияи байналмилалии рушдро ба кишварҳои ниёзманд ба мақсади татбиқи ҳадафу барномаҳои пешбинишуда муҳим шуморид.

Дар идомаи суханронӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дахл пешниҳод кард, ки Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлоси навбатӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул намояд.

Ӯ гуфт, Тоҷикистон баргузор гардидани “Саммити оянда”-ро муҳим арзёбӣ карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ бояд амалҳои муштарак ва муассирро анҷом диҳад.


“Дар баробари ин, солҳои охир афзоиши  афкори исломситезӣ, инчунин, падидаи истифода аз “сиёсати духӯра” дар муносибатҳои байналмилалӣ боиси нигаронӣ гардидааст”, - гуфт ӯ.

Бахши дигари суханронии Эмомлаӣ Раҳмон ба вазъи Фаластин ва Афғонистон бахшида шуда буд. Ӯ гуфт, буҳрони Фаластин ҳамоно боиси нигаронии амиқи Тоҷикистон аст ва вазъи фоҷеабори имрӯза дар он минтақа бори дигар собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад.

“Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад”, - гуфт президенти кишвар.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид.

Ӯ ҳамчунин, гуфт ҷонибдори истиқрори сулҳу суботи пойдор ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон аст ва Тоҷикистон ҳамеша омодаи мусоидат дар масири эҳё ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти осоишта дар Афғонистон мебошад.

Раисҷумҳур аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки “бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони башарӣ кумакҳои хешро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон, аз ҷумла ба минтақаҳое, ки дар пайи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, дареғ надоранд”.


Дар бахши дигари суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, истифодаи платформаи “Раванди оби Душанбе”-ро барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милал муҳим медонад ва бовар дорад, ки  он ба сифати майдони муколамаи васеи ҷонибҳои манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид.

Ӯ аз паёмади офатҳои табиӣ дар баробари хушксолиҳои пайдарпай нигаронӣ карда гуфт, ки он ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд.

“Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор мебошад, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар расонида, мутаассифона дар бисёр мавридҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ мегарданд”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур афзуд, тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардида истодааст. Ин раванд ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Президент рушди “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз”-ро яке аз роҳҳои ҳалли муваффақонаи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки бо назардошти ин воқеият, кишвари мо Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро барои солҳои 2023-2037 қабул ва мавриди татбиқ қарор додааст.

Ӯ аз ҳамаи шарикон даъват ба амал овард, ки саҳми молиявии худро дар “Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо” фаъолона гузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир, изҳори боварӣ кард, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад тавассути густариш додани муколамаи боэътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда ба татбиқи усулу ҳадафҳои умумии худ ноил гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.