Дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе романи "Нони шарикӣ"-и Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷикро, ки дар он паҳлeҳои мусбату манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст, ба баҳс мекашанд.

Ин маҳфил рӯзи 28 сентябри соли 2024, соати 15:00 дар "Кохи афсарон" баргузор мегардад.

Дар он мунаққидон Абдунабӣ Сатторзода ва Абдуманнон Абдураҳмон мавзӯи "Тоҷикистон ва Русия: 100 соли ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ. Бурду бохт" (Андешаҳо дар мавзӯи романи Мирзонасриддин Саидзода)-ро ба баррасӣ мегиранд. 

Маҳфили мазкур аз сӯйи бунёди "Гуфтугӯйи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов созмондеҳӣ шудааст ва баъди қариб як соли таваққуф дубора баргузор мешавад.

Бояд гуфт, Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷик ахиран романи таърихие бо номи “Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)” навишт, ки атрофаш вокунишҳои гуногун ба вуҷуд омад. Дар ин роман яке аз мавзуъҳое, ки бо гузашти солҳо пиромунаш баҳс кам намегардад, яъне паҳлуҳои мусбат ва манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст.

Чанде пеш "Азия-Плюс" бо муаллифи асар мусоҳиба баргузор кард, ки дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.