Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷик ахиран романи таърихие бо номи “Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)” навишт, ки атрофаш вокунишҳои гуногун ба вуҷуд омад. Дар ин роман яке аз мавзуъҳое, ки бо гузашти солҳо пиромунаш баҳс кам намегардад, яъне даврони Иттиҳоди Шӯравӣ тасвир ёфтааст.

Роман бар пояи достони зиндагии Ҷовид Мансурович, раиси як колхоз дар водии Вахш нигошта шудааст. Қаҳрамони асар дар ҷанг алайҳи фашизм иштирок карда, баъди анҷоми он ба зодгоҳаш бармегардад ва раиси колхоз таъйин мешавад.

Ӯ барои пешрафти кори колхоз талоши зиёд мекунад. Вале замоне ки Турсун Ӯлҷабоев (котиби якуми КИ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар солҳои 1956-1961)-ро барои итоат накардан ба фармони Маскав ва напазируфтани Иван Ковал (котиби дуюми КИ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар солҳои 1961-1970) ба ҳайси муовинаш ба зиёднависии нақшаи ҷамъоварии пахта гунаҳкор карда, аз сафи Ҳизби коммунист хориҷ мекунанд, Ҷовид аз ӯ пуштибонӣ мекунад. Барои ин Ҷовиро низ дар зиёднависӣ ҳамроҳ карда, ба ҳукми қатл маҳкум мекунанд.

Баъдтар ҳукми қатл ба 15 соли зиндон иваз мешавад ва Ҷовид баъди адои ҳудуди 10 соли ҳукм аз зиндон раҳо мегардад. Аммо диду назари ӯ дигар ва дар зеҳнаш саволҳои бештар пайдо мешавад.

Нависанда дар романи “Нони шарикӣ” неку бад ва зиёну фоидаи сад соли зери салтанати Русия қарор доштани Тоҷикистонро ба тасвир кашидааст. Метавон гуфт, дар асар воқеиятҳои зиёди он замон, ки то ин вақт кам касоне ҷуръати баёни онро доштаанд, зикр шудааст. Аммо мавриди нақди ҳеҷ як профессору адабиётшиносу муарриху мунаққид қарор нагирифтани асар ва иброз нагардидани ҳусну қубҳи он ӯро нигарон кардааст. “Нони шарикӣ” давоми мантиқии романи “Оташ дар хонаи қадим”-и Мирзонасриддин Саидзода аст, ки дар он низ ҳаёти пурфоҷиаи солҳои аввали ташкили давлати Тоҷикистони шӯравӣ, заҳматҳои табақаҳои гуногуни мардум ва дигар воқеаҳо таҷассум ёфта, аз ҷониби хонанда хуш пазируфта шуд.

Бо назардошти ин нукта, “Азия-Плюс” тасмим гирифт бо муаллифи асар мусоҳиба баргузор кунад.

 


Такрори таърих?

- Устод, образи Ҷовид Мансурович маҳсули тахайюли шумост ё воқеан чунин нафар вуҷуд дошт?

- Қаҳрамони асар Ҷовид, албатта маҳсули тахайюли ман аст, аммо ҳангоми офаридани он ҳодисаҳои зиёд аз ҳаёти воқеии мардуми мухталиф ба назар гирифта шуда, дар симои ӯ таҷассум ёфтаанд. Яъне, солҳое, ки ҳаводиси дар асар тасвирёфта ҷараён мегиранд, айнан бо чунин ном шояд нафаре набуд, аммо бо номҳои дигар, лекин бо сарнавишти ҳамсон нафарони зиёд буданд. Ҷовид яке аз онҳо аст.

- Чунин ба назар мерасад, ки Ҷовид баъди ҷонбозиҳо дар ҷанг, шаҳди ғалабаро намечашад. Ба андешаи шумо онҳое, ки дар ғалаба алайҳи фашизм саҳм гузоштанд, сазовор қадр шуданд?

- Ба таври муносиб қадр нашуданд. Зеро дар он ҷангалҳо, дар он сардиҳо ва шабҳои тор ҷанг кардан бисёр душвор буд. Аммо  дар замони шӯравӣ то ҷое кӯмакашон мекарданд. Дар ҷашнҳо ба Маскав даъват мешуданд. Аммо баъди ба даст омадани Истиқлолият таваҷҷуҳ ба онҳо кам шуд ва кӯмаки чашмрасе ҳам намерасад. Қисме мисли Ҷовид дилмонда шуданд.

- Ҷое аз забони Ҷовид мегӯед, ки маҳбусони шӯравӣ дар сафи пеши ҷанг бо Олмон меҷангиданд. Имрӯз маҳбусони зиёд аз зиндонҳои Русия, аз ҷумла тоҷикон ба ҷанги Украина фиристода мешавад. Оё таърих такрор мешавад?

- Таърих на фақат дар ин масъала, балки дар дигар ҷанбаҳо низ такрор мешавад. Таърих вақте такрор мешавад, ки шумо аз он ибрат намегиред...

- Ҷовид – яке аз фаъолони колхоз Алишерро чанд маротиба барои мукофот пешниҳод мекунад, аммо бо баҳонаи қаблан заминдор будани падараш, ба ӯ медал намедиҳанд. Магар ин беадолатӣ нест?

- Албатта, нодуруст, аммо ин воқеияти талхи он замон аст. Ба нафаре, ки падараш ба Сибир бадарға шуда буд, ҳамеша бо шубҳа менигаристанд, ҳарчанд ӯ аз низом пуштибонӣ ва содиқона кор мекард. Ба Алишер низ медал надоданд, зеро падари ӯро ба “ГУЛАГ” фиристода буданд. Ин яке аз паҳлӯҳои манфии давраи шӯравӣ буд, ки ҳатто фарзандони “заминдорон”-ро ҳамеша зери пайгард қарор медод, меҳнаташонро қадр намекард ва ба узвияти “партияи Ленинбобо” роҳ намедод.

Мисли Алишер нафарони зиёде буданд, ки заминҳои падарашонро гирифтаву бадарға карданд ва худашонро таҳти назорат нигоҳ дошта, намегузоштанд, ки муваффақ шаванд.

- Ҳадаф аз бозгӯи воқеиятҳои ногуфтаи замони шӯравӣ чист?

- Донишманде гуфтааст: “Адабиёт хотира аст. Бе хотира гузашта нобуд мешавад. Гузаштаатро надони манқурт мемонӣ”.

Мақсади ман ташаккули дидгоҳи таърихӣ, андешаи миллӣ дар зеҳни мардум аст. Мо бояд аз гузашта ибрат гирем ва дар барои оянда фикр кунем.

Мо дар як садсола ду маротиба бе хонаву дар шудем ва сабаби ин дақиқан бедонишӣ буд.

Кори нависанда бозгӯи ҳақиқат ба мардум аст. Ман то тавонистам он солҳоро ба риштаи тасвир кашидам. Русҳо ва донишмандони бештари ҷумҳуриҳо аз воқеаҳои замони инқилоб навиштанд. Мутаасифона, дар мо бурду бохти он солҳои пурошӯб, характери одами замони инқилоб, аҳволи иҷтимоияш гуфта нашуд. Мо ҳатто 100 - 200 соли гузаштаро дуруст наомӯхтаем ва дар бораи он дидгоҳи миллиро ташаккул надодаем.


 

Тоҷик будан осон нест!

- Ҷовид дар фронт ҳамеша андеша мекард, ки мабодо бо кирдоре латма ба обрӯи миллаташ назанад. Оё имрӯз “тоҷик” будан осон аст?

- Ин нукта ба хотири бедории фикрии ҷавонон нигошта шудааст. Дар давраи мо, яъне замони шӯравӣ тоҷик будан осонтар буд, зеро давлат то ҳадде барои баробарии миллатҳо талош мекард.

Аммо воқеан, имрӯз тоҷик будан осон нест ва барои ин то ҷое худ гунаҳкорем. Зеро дар кишвар корхонаҳои калоне нестанд, ки вақте тоҷик аз хоб мехезад, дилаш пур бошад, ки ҷойи кор дорад. Дар мактабҳо низ дуруст таълим намедиҳанд. Тоҷик маҷбур меравад ба Русия ва аз сабаби надоштани савод, надонистани техникаву технология ва забони хориҷӣ азоб мекашад.

 

Ҷониби дигари танга

- Ҷовид пас аз бозгашт аз ҷанг дар суҳбат ба дӯсташ мегӯяд, ки агар амрикоиҳо кӯмак намекарданд, мо шикаст мехӯрдем. Воқеан, Иттиҳоди Шӯравӣ бе кӯмаки Амрико шикаст мехӯрд?

- Ибрози ин масъалаҳо дар давраи шӯравӣ мамнуъ буд. Лекин гап дар ин ҷост, ки вақте соли 1942-1943 Олмони фашистӣ дар Курск ва наздикиҳои Маскав ҷанг мекард, Берлин аз сӯйи Амрико ва Англия бомбборон мешуд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Гитлер ба ду самт равона шуд. Воқеан агар Англия ва Амрико аз тарафи дигар ҷанг намекарданд, мо пирӯзӣ ба даст намеовардем. Аксари мошинҳои фронти шӯравии онвақта амрикоӣ буданд. Қариб ҳамаи “башния”-и тонкҳоро аз Амрико меоварданд. Самолиётҳои Амрико ба сарбозон халтаҳои хӯрокдоштаро мепартофтанд.

- Оё амрикоӣ ё англис медонад, ки ИМА ва Англия бар Олмони фашистӣ якҷо бо СССР ғалаба карданд?

- Баъди солҳои 1980 онҳо гуфтанд, ки на Шӯравӣ, балки мо бар фашизм пирӯз шудем. Аз таърих ҷойи гурез нест. Мо дарк кардем, ки бе Амрико ва Англия наметавонистем пирӯз шавем. Рӯзе амрикоӣ низ эътироф хоҳад кард, ки бе СССР пирӯз шуда наметавонист.

- Фикр намекунед, ки дар асар масоили муҳимро баррасӣ карда, хулосаро ба хонанда вогузоштед?

- Оре, масъалаҳо муҳим ва таърихӣ мебошанд. Дар аввали кор халқ чанд дафъа ба шикаст рӯ ба рӯ шуд, бахусус дар даврае, ки колхозҳоро сохтанд. Аммо хубии кор дар ин шуд, ки мо аз банди бозмондагии замони манғития якбора ба сотсиализм ҷаҳидем, ба илму амали дигар кишварҳо пайвастем. Аммо ба саволатон, ки хулосаро ба хонанда вогузоштам, розӣ нестам. Ҷовид, ки дар даврони шӯравӣ ба воя расида, обрӯ ёфта буд, аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ғамгин мешавад. Зеро дар ин давлати муқтадире, ки болшевикҳо сохтанд, Ҷовид раиси ордендор ва яке аз одамони машҳури ҷумҳури маҳсуб меёфт. Хадамоти тиббу маориф ройгон буд. Одамон дилпур буданд, ки ҷои кор доранд. Падар аз ояндаи фарзандаш хавотир набуд.

Вақте ин ҳамаро барҳам доданд, Ҷовид аввал ғамгин шуд, вале чун хубтар андешид, дарк кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бояд шикаст мехӯрд. Зеро баъди Иосиф Сталин аввалин иштибоҳе, ки сар зад, аз байн бурдани забони миллатҳо ва ҷорӣ гардидани забони русӣ чун забони ягона буд. Ин мардумро ноумед кард.

Баъдан, мубориза бо ҳуввияту эътиқод ва арзишҳои миллӣ тақвият ёфт.

Ҷовид ин ҳамаро фикр карда, дар барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ҷоришудаи давлатдорӣ ва роҳбарони аксарият руси он замонро айбдор меҳисобад. Ӯ ин ҳамаро дар зеҳни худ баркашида, мегӯяд, “аз ҳамон рӯзе, ки Сталин бемории мағзи сар шуд, шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардид”.

 

Мунаққид куҷост?

- “Нони шарикӣ”-ро такроран таҳрир кардед...

Справка по теме

Мирзонасриддин Саидзода 10.03.1948 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб ва адои хидмати ҳарбӣ соли 1973 Техникуми политехникии Душанбе ва соли 1979 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар Вазорати нақлиёт, Иттиҳодияҳои “Тоҷикавторемонт” ва “Тоҷикзолото” кор кардааст. Аз 2000 то 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ буд. Ҳикояи “Фурӯғ”, қиссаҳои “Хирмани сӯхта”, “Шаби душвор” ва “Бозгашти Кунгур” аз эҷодиёти аввалини ӯ буд. “Шаби душвор” аз беҳтарин қиссаҳои ӯст, ки аз воқеаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ нақл мекунад. Соли 2016 нахустин романаш “Оташ дар хонаи қадим” чоп шуд. Романи Нони шарикӣ (сад сод бо Русия) романи дуввуми ӯ аст.

- Бале, дар бораи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе хулосаҳо равшантар шуда, дар хусуси он ки мо аз русҳо чӣ гирифтем? Онҳо аз мо ба худ чи фарҳанги хотирмон бурданд, ҳамингуна иловаҳо дохил гардиданд. Ният дорем, ки оянда китоб бо забони русӣ низ тарҷума гардад. Ногуфта намонад, ки китоби “Оташ дар хонаи қадим”-ро низ дубора таҳрир кардаам, аммо то ҳол чоп нашудааст. Барои нашр пул надорам.

Ҳамчунин, зимни таҳрир масъалаи дар ин тарафи Омӯ иззат доштану дар он сӯйи Омӯ азоб кашидани тоҷикон муфассал баён шудааст. Зулму нописандиҳое, ки аз ҷониби бархе сарварони артиши сурх ба мардуми Бухорои шарқӣ карданд. Ҳамчунин, баъзе андешаҳои такрор ва сода ҳазф шуданд.

- Чаро нафаре ёфт нашуд, ки китобҳои шуморо нақд кунад?

- Муаллим Иброҳим Кенҷаевич (доктори илмҳои таърих, профессор Усмонов Иброҳим Кенҷаевич) оид ба китоби “Нони шарикӣ” мақолаи хубе навиштанд, ки он дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуд. Аммо барои арзишҳои ҳунарии асари бадеиро нақд кардан, бояд онро хонд ва ҳазм кард. Аз адабиёти пешрафтаи ҷаҳон бохабар ва ҳам баробари нависанда дониш доштан лозим.

Китобҳои номбурда аз масъалаҳои дуюму сеюм нестанд. Сурате аз таърихи ватан, рӯзгори пурошӯбу пурвоқеаи сад соли падарон мебошад. Зиёи имрӯз кормандони болову поён бояд дарк кунанд, ки чун зиндагиаш аз обу нони ин замин аст, бояд таърихашро донад, донистан кам онро созад.

Бояд кормандони Вазорати маориф ва худи вазир ин китобро хонанд ва ба ректорони донишгоҳу донишкадаҳо мутолиаи онро тавсия диҳанд.

- Чунин ҳолат шуморо чун нависанда дилсард намекунад?

- Не, ин китобҳоро чун як фарди ин ватан ба фармони дилам навиштам. Аз нависанда шуданам пушаймон нестам. Вақте мебинед, ки андешаатонро ақаллан 50-60 нафар дастирӣ мекунанд, хурсанд мешавед. Ҳоло бисёриҳо китоби “Оташ дар хонаи қадим”-ро мепурсанд. Ҳамчунин, андешаи оянда касро ба навиштан водор мекунад. Бояд таърихро барои ҷавонон гуфт, воқеиятҳоро шарҳ дод. Аммо таваҷҷуҳи хонанда ба нависанда зарур аст. Адиб аз таваҷҷуҳи хонанда мефаҳмад, ки роҳи рафтааш дуруст аст ё не.

 

Тоҷик бесавод набуд!

- Бархилофи аксари асарҳои дар бораи Аморати Бухорои пеш аз ишғоли Русия нигошташуда, шумо дар романи дигари хеш - “Оташ дар хонаи қадим” Мансури Самарқандӣ, яке аз бошандагони ин мулкро донишманду бедор тасвир кардаед. Ин “қолабшиканӣ” барои чӣ буд?

- Бухоро он замон маркази илм буду 300-400 мадраса дар фосилаи начандон дур аз ҳамдигар ҷойгир буданд. Аҳолии гирду атрофи аз шаҳрҳои дур барои таҳсил он ҷо меомаданд. Мардум комилан бесавод набуд, ҳарчанд дар мадрасаҳо маъмулан аз дин таълим дода мешуд.

Даҳҳо сокинони Аморати Бухоро ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсил мекарданд ва баргашта дар ин мадрасаҳо ба ҷавонон таълим медоданд. Яъне, ҷунбиш мушоҳида мешуд ва ин тавр набуд, ки танҳо русҳо омада, ҷадди моро дониш омӯхтанд. Мо то омадани русҳо донишмандон доштем. Аздусар мо рушд мекардем. Ин ногузир буд, чун зиндагӣ идома дошт ва ҷунбишҳо мушоҳида мешуд. Шояд тариқи дигар.

Аммо дар масъалаи қолабшиканӣ илова мекунам: устодони мо дар асарҳои машҳури замонашон муздур ё камбағалеро қаҳрамони асар интихоб карда, воқеаҳои замонаро ба дасту андешаҳои ӯ медоданд. Сипас ӯро ба кори инқилоб ҳамроҳ мекарданд. Чун талаби замона чунин буд. Хонандаро аз рафту рӯҳи замона огоҳ карданд.

Нависанда ба хонанда, ба хулқу иродаи қаҳрамонаш таъсир мегузорад. Агар аз ростӣ гирем, характер шахсе дорад, ки аз қайди шикам озод аст. Ҳамаи инқилобкардаҳои Русия ва ҷадидони Бухоро шахсони доро буданд.

Кӣ шикаст хӯрд? Молдор, косиб, деҳқон, рӯхонӣ! Яъне синфи дастбакор ба Сибир бадарға ва беватан шуд. Ман кӯшиш кардам то ҳадди имкон ин ҳақиқат ва фоҷеаро гӯям.

- Охирин саволро наметавонам надиҳам. Шумо, ки дар самти илмҳои техникӣ таҳсил кардаед, чӣ тавр ба нависандагӣ рӯй овардед?

- Ин ҳама аз як тасодуф шурӯъ шуд. Рӯзе аз “автобаза” берун шуда, назди дарвоза мардеро вохӯрдем, ки мошинаш вайрон буд. Ӯ кӯмак хост ва механики мо мошинашро ба кор даровард. Ӯ ба шаҳр мерафт ва таклиф кард, ки агар равонаи шаҳр бошем, ӯро ҳамроҳӣ кунем. Дар роҳ шинос шудем. Ин шахс нависанда Баҳром Фирӯз буд.

Ҳамин тавр, рафтуомади мо бо Баҳром Фирӯз шурӯъ шуд. Вақте ӯ фаҳмид, ки ба китоб таваҷҷуҳ дорам, баъзан бароям китоб меовард, китоберо тавсия медод ва баъзан дар бораи асаре бо ҳам баҳс мекардем.

Боре ҳикояе бо номи “Фурӯғ” навишта, наздашон бурдам. Пас аз таҳрир тавсия доданд, ки адабиётро саҳл нагирам ва забони навиштамро суфта кунам. Он ҳикоя дар ҳафтаномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва нашрияи “Адабиёт ва санъат” чоп шуд.

Ҳамин тавр, ба адабиёт ворид шудам. Ҳанчанд як муддат аз он дур ҳам шудам, аммо боз меҳри эҷод маро ба навиштани асарҳои баъдӣ водор мекард. Ва тавре мебинед, солҳои охир ду романи навиштаи камина интишор шуд ва то ҷое аз ҷониби хонанда хуб қабул гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.