Сол то сол ҳаҷми истеҳсол маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Бо вуҷуди ин, талаботи аҳолӣ ба бисёре аз маҳсулот мисли пешин аз ҳисоби воридот аз дигар кишварҳо таъмин мешавад.
Тавре ки коршиносон зикр мекунанд, барои рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва саноати хӯрокворӣ монеъаҳо вуҷуд доранд. Онҳо ба 5 мушкили асосӣ ишора мекунанд, ки ба рушди саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон монеъа эҷод намуда, дар Барномаи давлатии рушди соҳа барои солҳои 2020-2025 зикр шудаанд.
1. Мушкили ашёи хом
Баланд бардоштани иқтидори баъзе корхонаҳо бинобар нарасидани ашёи хом ғайриимкон аст. Мисолҳои равшан ин корхонаҳои истеҳсоли равғани растанӣ мебошанд.
"Барои истеҳсоли 100 ҳазор тонна равған тақрибан 833 ҳазор тонна тухми зироатҳои равғандеҳ лозим аст, аммо Тоҷикистон барои парвариши чунин ҳаҷми ашёи хом имкон надорад", - гуфт вазири саноати ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир.
Корхонаҳои истеҳсоли консерва низ бо сабаби нарасидани таъминоти мутамарказу ҳадафнок ва ҳаҷми зарурии меваю сабзавот бо мушкилоти зиёд дучоранд.
Дар Тоҷикистон хароҷоти парвариши ашёи хом хеле баланд аст. Кашт ва парвариши пахта, сабзавот ва дигар маҳсулоти растанӣ бештар сармоягузорӣ талаб мекунанд, чунки арзиши сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои техникӣ гарон мебошанд. Масалан, хароҷот барои парвариши як гектар пахта зиёда аз 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ин хароҷот ду баробар камтар аст.
Камбуди шадиди зарфҳои яхдон ва анборҳо барои нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр низ мушоҳида мешавад. Ин омил ба фаъолияти соҳаҳои саноати сабзавоту мева, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ таъсир мерасонад.
Барои парвариши ашёи хоми растанӣ, аз ҷумла пахта, зироатҳои равғандеҳ ва ғалладонагӣ тухмии босифат намерасад. Масалан, бисёр навъҳои гандуме, ки дар кишвар парвариш меёбанд, ба талаботи корхонаҳои истеҳсоли орд ҷавобгӯ нестанд.
Мушкилоти рӯзмарраи соҳа пеш аз ҳама, норасоии ҳосили сабзавоту мева боқӣ мемонад.
Дар коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мушкилиҳои марбут ба таъмин бо ашёи хом ҷой доранд. Сифати шир ба андозаи кофӣ баланд нест, зеро беш аз 80% хоҷагиҳои чорводорӣ таҷҳизот барои хунук кардани ширро надоранд.
Барои корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар кишвар ашёи хом дар ҳаҷмҳои зерин зарур аст: гандум – 2,5 млн тонна (истеҳсолот – тақрибан 1 млн тонна), зироатҳои равғандеҳ – 550 ҳазор тонна (истеҳсолот – тақрибан 100 ҳазор тонна), гӯшт – 300 ҳазор тонна (истеҳсолот тақрибан 300 ҳазор тонна дар вазни зинда). Дар робита ба коркарди мева, сабзавот ва шир бошад, ашёи хом дар кишвар якчанд маротиба бештар истеҳсол мешавад, аммо ин ҷо камбуди иқтидорҳои истеҳсолӣ эҳсос мешавад.
2. Тағйирёбии нархҳо ва қатъшавии барқ
Корхонаҳои саноатии ватанӣ аз болоравии доимии нархи манбаъҳои энергетикӣ ва хароҷоти интиқоли ашёи хом ва маҳсулот зарар мебинанд.
Масалан, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кишвар наметавонанд бо маҳсулоти воридотӣ ба таври лозим рақобат кунанд, зеро аксари таркибҳо (компонентҳо)-и зарурӣ, аз қабили шакар, қаҳва, какао ва шарбатҳо аз хориҷ ворид мешаванд, ки ин ба болоравии арзиши аслии маҳсулот боис мегардад.
Бо сабаби норасоии барқ дар фасли зимистон, корхонаҳои коркарди пахта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980 тонна камтар нахи пахта истеҳсол карданд.
Қатъшавии интиқоли барқ дар семоҳаи аввали соли 2024 ба коҳиши суръати истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ширкати «Азот» дар Левакант боис гардид. Дар ифодаи пулӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар ним сол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 млн сомонӣ камтар буд.
Қатъи интиқоли барқ дар парвариши дигар намудҳои ашёи хом барои саноати коркард – ҳам дар соҳаи рустанипарварӣ ва ҳам чорводорӣ низ мушкилиҳо ба миён меорад.
3. Фоизҳои баланди қарзҳо
Сармоягузорӣ ба рушди истеҳсоли ватанӣ нақши муҳим мебозад. Яке аз сабабҳое, ки саноати хӯроквории Тоҷикистон наметавонад пурра имконоти худро истифода барад, фоизҳои баланди қарзӣ мебошанд.
Фоизҳои қарзӣ ба арзиши аслии истеҳсоли маҳсулот илова шуда, нархи онҳоро боло мебаранд. Ғайр аз ин, бонкҳои тиҷоратӣ барои муҳлатҳои хеле кӯтоҳ қарз медиҳанд, ки ба истифодаи самараноки онҳо дар истеҳсолот имкон намедиҳад.
Барои соҳибкорон фоизҳои баланди қарз (26-28% солона) рушди тиҷоратро аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ғайриимкон мекунанд. Бархе аз соҳибкорон бинобар нарасидани маблағ фаъолияти худро қатъ мекунанд. Ҳаҷми қарзҳои имтиёзнок барои рушди саноати хӯрокворӣ кофӣ нест.
Коршиносон бар ин назаранд, ки бо чунин фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ айни ҳол пешбурди тиҷорат ғайриимкон аст. Барои соҳибкороне, ки дар соҳаи саноати истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ин боз ҳам душвортар мегардад. Мутахассисони соҳаи молия зикр мекунанд, ки танҳо қарзҳо бо фоизи на бештар аз 2% солона метавонанд тиҷоратро фоидаовар гардонанд.
4. Норасоии воситаҳои гардишии корхонаҳо
Яке аз омилҳои дигари муҳим – норасоии воситаҳои гардишии корхонаҳо барои ҷорӣ кардани технологияҳои нав мебошад.
Дар Тоҷикистон камбуди шадиди воситаҳои молиявӣ барои навсозии истеҳсолот, хариди ашёи хом ва мавод эҳсос мешавад. Норасоии воситаҳои гардиш ба зиёновар шудани фаъолияти корхонаҳо дар кишвар боис мегардад.
Вазифаи асосии воситаҳои гардиш – таъмин намудани мунтазамӣ ва мураттабии истеҳсолот мебошад, то дар ҷараёни истеҳсолот халал ворид нагардад.
Корхонаҳои зиёде воситаҳои худиро надошта, сармояҳои қарзӣ аз қабили қарзҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат фоизи баланд доранд.
5. Технологияҳои нав нест
Бисёре аз корхонаҳои амалкунанда ба таъмиру навсозӣ ва таҷҳизоти техникии нав ниёз доранд.
Тибқи маълумоти Барномаи давлатии рушди соҳа, танҳо 34% қисми фаъоли фондҳои корхонаҳо ба сатҳи технологии замонавӣ ҷавобгӯ буда, 35% корхонаҳо бояд таъмиру навсозӣ шаванд ва 31% таҷҳизот бояд пурра иваз карда шаванд.
Масалан, ба рушди корхонаҳои коркарди гӯшти кишвар айни замон таҷҳизоти аз лиҳози физикӣ кӯҳнашудаи истеҳсоли нимфабрикатҳо ва маснуоти ҳасибсозӣ монеъа эҷод мекунад.
Зарурати навсозӣ ва таҷҳизоти техникии фондҳои асосии мавҷуда бо сатҳи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии аксари корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ иртибот дорад. Имрӯз ин нишондиҳанда аз 50% зиёд нест.
Масалан, коэффитсиенти сарборӣ дар корхонаҳои истеҳсоли равғани растанӣ ҳамагӣ 20% ва корхонаҳои қаннодӣ – 35%-ро ташкил медиҳад.
Дар фарҷом зикр мекунем, ки дар Барномаи рушди саноати хӯроквории Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ҳалли аксари масъалаҳои номбаршуда дар назар аст. Ҳаҷми умумии воситаҳои молиявӣ аз ҳисоби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, қарзҳои бонкӣ ва воситаҳои худии корхонаҳои соҳа барои иҷрои Барнома дар солҳои 2020-2025 зиёда аз 568,8 млн сомониро ташкил медиҳад.