Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон иштирок кард. Кори конфронси мазкур бо ҳузури сарони 80 давлат, Дабири кулли СММ, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон зимни сухаронӣ дар конфронс изҳор намуд, ки Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монад.
“Имрӯз аллакай 98 фоизи барқи мо аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз мебошад ва аз рӯйи ин нишондод мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорем”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба қабули Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” аз ҷониби Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки “мо ният дорем, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”.
Ӯ ҳамчунин диққати роҳбарони кишварҳо ва коршиносонро ба мавзӯи пайвастагии зичи обу иқлим ҷалб сохта, пешниҳод намуд, ки ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, барои эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ташаббус намуд, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал қабул гардид.
“Дар ин замина, инчунин, “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, дар назди СММ Хазинаи мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд, - иброз дошт ӯ. - Мо, ҳамчун ҳаммуаллифи ин қатънома, ҳиссаи худро дар ин Хазина гузоштем ва аз ҳамаи шариконамон низ даъват менамоем, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд”.
Таъкид гардид, ки дар асоси қатъномаи мазкур бо мақсади баррасии ҳамаҷониба ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 дар Душанбе гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба нақша гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷонибдории пешниҳоди якҷои Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар ин хусус ёдовар шуд.
Дар фароварди сухан президенти Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти хоссаи масъалаҳои зикршуда ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, пешниҳод намуд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста