Шоми 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Рақс моро муттаҳид мекунад” намояндагони санъати рақси панҷ кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдаваро ба ҳам овард.
Дар фестивал ансамблҳои рақсии ин давлатҳо ва намояндагони расмии мақомоти дахлдор ширкат доштанд.
Фестивал бо иҷрои “Нақорабазм” аз ҷониби ансамбли рақсии “Зебо” оғоз гардид.
Баъди анҷоми қисмати расмӣ, дастаҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Навои Бадахшон”, “Базморо” , “Парасту”, “Чаман”, “Лола” ва дастаҳои рақсии Суғду Хатлон аз Тоҷикистон навъҳои гуногуни рақси миллӣ, аз ҷумла “Зарафшонӣ”, “Рақси табақ”, “Рапо”, “Рақс бо қошуқ”-ро иҷро карданд.
Инчунин, дастаҳои рақсии “Баҳор”-и Ӯзбекистон, “Салтанат” аз Қазоқистон, “Берёзка” аз Русия, “Флуйераш” аз Молдава рақсҳои миллии худро намоиш доданд.
Мирзоолим Саидов, Сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг гуфт, ин бори дувум аст, ки дар Тоҷикистон фестивали рақс доир мегардад.
“Баргузории фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид мекунад” барои табодули таҷрибаи гурӯҳҳо, ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои ҳунарии рақсии кишварҳо муҳим буда, барои муаррифии рақси миллии тоҷикӣ мусоидат мекунад” – гуфт ӯ.
Фестивал бо иҷрои рақс аз ҷониби ансамбли “Зебо” зери оҳанги “Эй санам” ҷамъбаст гардид.
Имрӯз, 13 ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии фестивал доир мегардад.
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сӯхторҳо дар Суғд дар соли гузашта
Таъмини аҳолӣ бо манзил. Дар Тоҷикистон норасоӣ мушоҳида мешавад
Таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия. Чӣ тавр метавон ҳуҷҷат супорид?
“Дар умрам ба касе пора надодаам”. Номаи Аҳмади Иброҳим аз боздоштгоҳ ба унвонии Рустами Эмомалӣ
Хадамоти назорати санитарӣ кори зиёда аз 650 иншоотро муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста