Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ваъда додааст, ки моҳи ноябр Барномаи ҳадафноки таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро, ки ҳанӯз соли 2013 эълон шуда буд, тасдиқ мекунад.

Ҳадафҳои барнома хеле умумӣ мебошанд ва ба андешаи коршиносон, ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки онҳо ё рамзианд ва ё имкон медиҳанд, ки оянда тағйир дода шаванд.

Лоиҳаи кӯҳна бо вазифаҳои нави номуайян

Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов аз қабули ин барнома дар арафаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки 28 ноябр дар Остона баргузор мегардад, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи барнома аллакай дар сатҳи шӯроҳои ВКХ, вазоратҳои мудофиа ва кумитаҳои котибони шӯроҳои амнияти СААД мувофиқа шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки қарор дар бораи таҳияи ин барнома ҳанӯз 13 сол пеш қабул шуда буд.

"Ба котибот муяссар шуд, ки ба мувофиқат ноил гардад," — иқтибос меорад изҳороти ӯро нашрияи Eadaily.

Маълум нест, ки мувофиқат дар чӣ ифода меёбад. Ба таври умум, дар бораи ин барнома иттилоот хеле кам аст.

Дар сомонаи Ассамблеяи парлумонии СААД танҳо зикр гардидааст, ки барнома барои панҷ сол пешбинӣ шуда, ба се марҳила тақсим шудааст.

Дар марҳилаи аввал, дар муддати як сол ҷониби Тоҷикистон бояд пешниҳодҳоеро оид ба таҳкими қитъаҳои муайяни сарҳад пешниҳод карда, дар ин муддат давлатҳои аъзо бояд захираҳои моддӣ ва дигар манбаъҳоро, ки метавонанд барои ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷудо шаванд, муайян кунанд.

Баъди ин марҳилаҳои дуюм ва сеюм оғоз меёбанд, ки дар онҳо чораҳои мушаххас барои муҷаҳҳаз намудани ин сарҳад амалӣ хоҳанд шуд.

Ба ин тариқ, сарфи назар аз изҳороти пурсарусадо, дар асл дар доираи Барнома чораҳои мушаххас танҳо мавриди таҳия қарор мегиранд.

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Сурат: Нозим Қаландаров / ТАСС

Посухи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс”, ки тибқи дархости онҳо бидуни тағйир нашр мешавад, ин хулосаро тасдиқ мекунад.

- Дар Барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД дар мавриди пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон чӣ тадбирҳо пешбинӣ шудааст?

- Пеш аз ҳама, мехоҳем маълумот диҳем, ки масъалаи тасдиқи Барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон (минбаъд — Барномаи ҳадафнок) ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ — мақомоти олии Созмон ворид шудааст. Ин нишаст 28 ноябр дар Остона баргузор хоҳад шуд. Яъне, қарори Шӯрои амнияти дастаҷамӣ оид ба ин масъала ҳоло бояд қабул шавад.

Дар сурати қабули Барномаи ҳадафнок, мақсади асосӣ - расонидани кумаки амалии давлатҳои аъзои СААД ба Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд.

Ин кумак маҷмӯи тадбирҳо, аз ҷумла ташкили инфрасохтори нав ва рушди инфрасохтори мавҷудаи сарҳадӣ ва муҳимтараш — омодасозии кадрҳоро дар бар мегирад.

Барномаи ҳадафнок дар муҳлати мушаххас - 5 сол амалӣ мешавад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки татбиқи Барнома ҷойгир кардани неруҳои сарҳадии давлатҳои аъзои СААД-ро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар назар надорад.

- Дабири кулли СААД мегӯяд, ки тасмими қабули Барнома 13 сол пеш рӯйи кор омада, ташаббускори он Тоҷикистон буд. Чаро қабули он ин қадар сол ба таъхир афтод?

- Агар дақиқан бигӯем, 11 сол. Дарвоқеъ, барои таҳияи Барномаи ҳадафнок қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз 23 сентябри соли 2013 асос мебошад. Ин қарор «Дар бораи кумак ба Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» ном дорад.

Дар ин қарор давлатҳои узв он замон бори аввал ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи таҳияи Барномаи ҳадафнок оид ба ҳимояи сарҳадҳои кишвари узви СААД дастгирӣ карданд.

Ҳама гуна раванди гуфтушунид вақт талаб мекунад, махсусан агар он дар масъалае бошад, ки бори аввал амалӣ мегардад. Муҳимаш он аст, ки имрӯз мо натиҷаи миёнадаврӣ дорем, яъне Барномаи ҳадафнок аз ҷониби мақомоти оинномавии СААД - Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амният - мувофиқа шудааст.

Умедворем, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти Остона Барномаи ҳадафнок аз ҷониби роҳбарони давлатҳои узв тасдиқ карда мешавад. Бовар дорем, ки татбиқи минбаъдаи он ба масъалаҳои ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон мувофиқи меъёрҳои муосири ҳифзи сарҳад мусоидат хоҳад кард.

Дидюонгоҳи сарҳадии Баҳорак
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Ваъдаҳои калону натиҷаҳои номафҳум

Қабули барнома бояд марҳилаи дуюми кумаки СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими сарҳад бо Афғонистон дар пасманзари тақвияти ҳузури гурӯҳҳои тундгаро (радикалӣ) дар ин кишвар мешуд.

Дар марҳилаи аввал СААД мебоист фавран, яъне дар муддати се моҳ неруҳои марзбонии Тоҷикистонро бо навъҳои замонавии силоҳ, техникаи махсус, воситаҳои оптикии махсус ва дигар таҷҳизоти зарурии ҳарбӣ таъмин мекард.

Аммо ҳатто замони сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, ваъдаҳои кумаки фаврӣ аз ҷониби аъзои СААД иҷро нашуданд.

Баъди ду сол пас аз мувофиқаи қарори ёрӣ ба Тоҷикистон, танҳо Беларус ва Арманистон уҳдадориҳои худро иҷро карданд. Беларус марзбонони тоҷикро бо либоси низомӣ ва воситаҳои муҳофизат таъмин карда, Арманистон барои онҳо мошинҳои ҳарҷогард харидорӣ намуд.

Дидбонгоҳи сарҳадии Сомон
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Оё таҳдид воқеӣ аст?

Хабари қабули барнома дар пасманзари маълумот дар бораи аз ҷониби ҷангиёни гурӯҳи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ва ҷиҳодиёни уйғур таҳия гардидани тарҳи ҳамла ба Тоҷикистон садо дод.

Дар ин бора коршиноси Русия оид ба масоили Афғонистон Андрей Серенко бо истинод ба манбаъҳои огоҳ дар Душанбе ва Афғонистон хабар додааст.

«То ба наздикӣ чандсад ҷангии хориҷӣ — зодагони Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин — дар вилояти Бағлон қарор доштанд. Аммо вақтҳои охир онҳо ба вилояти Бадахшони Афғонистон кӯчиданро оғоз кардаанд. Ҳамчунин айни замон интиқоли силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба ин минтақа фаъолона ҷараён дорад. Ба гуфтаи фармондеҳони ин гурӯҳҳо, онҳо аз бекорӣ хаста шуда, ҷиддан ба таҳияи нақшаи ҳамла ба Тоҷикистон машғуланд», — иқтибос овардааст аз манбаъҳои худ Серенко.

Гуфта мешавад, теъдоди ҷангиёни ин гурӯҳи тундгаро 300-500 нафарро ташкил медиҳад, вале эҳтимол дорад, ки онҳо аз дастгирии иловагии назаррасе бархӯрдор шаванд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки «ҳамлаи террористони хориҷӣ ба Тоҷикистон натанҳо барои Душанбе, балки барои Маскав ҳам таҳдиди ҷиддие хоҳад буд», чунки «дар баробари ҷабҳаи ғарбии мавҷуда дар Украина, он метавонад ифтитоҳи ҷабҳаи дуюми ҷанубии зиддирусиягӣ шавад".

Дидбонгоҳи сарҳадии Сохчарв
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Чунин хабарҳо дар фазои иттилоотии Тоҷикистон борҳо паҳн шуда, дар миёни коршиносон мавриди баҳс қарор гирифтаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ҳам бо кумаки СААД ва ҳам мустақилона метавонад ҳама гуна кӯшишҳои ҳамларо рафъ кунад.

Бархе аз коршиносон эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳҳои хориҷиро комилан рад мекунанд, зеро ин маънои онро хоҳад дошт, ки ҳукумати нави Афғонистон наметавонад вазъиятро дар дохили кишвараш назорат кунад, яъне метавонад мавқеи қонунии худро аз даст диҳад. Яъне Толибон намегузоранд, ки касе манфиатҳои онҳоро халалдор созад.

Лекин ба назари як гурӯҳ коршиносон, дар пасманзари шиддатёбии вазъият дар саросари ҷаҳон, мақомоти Русия комилан метавонанд таҳдид аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро, ҳамчун «боз кардани ҷабҳаи дуюм» бар зидди худ арзёбӣ кунанд.

Дар сурати бесуботии вазъ дар Тоҷикистон, Русия ба интиқоли қисме аз неруҳои худ ба ин кишвар маҷбур хоҳад шуд, то ки аз мавқеи худ дар минтақа ҳимоя кунад. Дар ҳолате, ки бесуботӣ дар Тоҷикистон рух диҳад ва ин барои Маскав маънои аз даст додани назорат бошад, эҳтимол дорад, ки Русия тавассути СААД неруҳои худро ворид кунад ва сарҳад ва минтақаи мазкурро таҳти назорат гирад.

Дидбонгоҳи сарҳадии Тахти Сангин
Акс аз бойгонии Asia-Plus

«Сарфи назар заъифшавии таъсири Русия дар Осиёи Марказӣ, ӯ ҳанӯз тамоман назорати худро аз болои минтақа аз даст надодааст ва ба гумон аст, ки аз кӯшишҳои таҳкими ин назорат даст кашад. Ахиран вазъияти арбут ба “Крокус” бештар бо вазъи Афғонистон рабт дода мешавад, ки онро метавон ҳамчун нияти таҳти назорат гирифтани сарҳад бо Афғонистон арзёбӣ кард. Ин метавонад қадами ҷиддие барои тақвияти нуфузаш бошад. Русия ҳузури низомии худро метавонад тавассути СААД амалӣ кунад, ки  дар ин ҳолат, эҳтимол дорад ба Барномаи дастгирии ОДКБ шартҳои нав илова шаванд», — мегӯяд яке аз коршиносони тоҷик.

Ба ақидаи сиёсатшинос Нуриддин Давлатов, таҳдид воқеан метавонад ҷиддӣ бошад, зеро сафи тундгароён беш аз пеш бо шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мешавад.

«Ҳар қадре, ки дар ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои динӣ ва дигар ҳуқуқҳо бештар поймол шаванд, ҳамон қадр ҷомеа бештар тундгаро шуда, сафи созмонҳои ифротгаро аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мешавад. Дар ин робита, хатари ҳамлаи тундгароҳо метавонад воқеияти муайяне дошта бошад, аз ин рӯ, қабул шудани Барномаи дастгирии СААД-ро метавон қарори саривақтӣ донист. Аммо, истисно кардан мумкин нест, ки Барнома танҳо барои нишон додани фаъолият доштани СААД қабул мегардад, яъне ин барнома танҳо хусусияти эъломиявӣ дорад», — мегӯяд коршинос.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.