Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар баробари “Ал-Вақра”-и Аморати Муттаҳидаи Араб бозиро бохт. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 0:1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.
“Равшан” баъди ин нокомӣ бо як имтиёз дар зинаи охири ҷадвали гурӯҳи “А” мавқеъ гирифт. Дастаи “Ал-Вақра”, ки дар бозии якум аз “Трактор”-и Эрон шикаст хӯрда буд, бо пирӯзӣ дар ин бозӣ соҳиби се имтиёз шуд ва дар зинаи дуюми гурӯҳ ҷой гирифт.
Бозии дигари гурӯҳи “А” миёни дастаҳои “Трактор”-и Эрон ва “Моҳун баган”-и Ҳиндустон ба далели ҳозир нашудани меҳмонон дар Табрез лағв шуд.
Дар даври сеюми бозиҳои гурӯҳи рӯзи 23-юми октябр футболбозони “Равшан” дар Эрон бо “Трактор” дидор анҷом медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи "Моҳун Баган"-и Ҳиндустон бозиро мусовӣ карда буд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷавонони ҳинд”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон баргузор гардида, бо натиҷаи 0 бар 0 ба поён расид.
Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш аз бозии “Равшан” иштирокчии дигари мусобиқа аз кишвари мо “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозии дуюми худ аз “Сипоҳон”-и Эрон шикаст хӯрд.
Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Моликони фурӯшгоҳи "Ашан" овозаҳои аз Тоҷикистон рафтанашонро рад карданд
Ҷудокорони тоҷик аз “Тоскулоҳи бузург”-и Боку бо ду медал ба Тоҷикистон бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се мусофир ва ҳалвои ширин”
Соли гузашта додгоҳҳои Русия қариб 90 ҳазор хориҷиро маҷбуран ихроҷ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста