Роҳбарияти ширкати "Шивер Тоҷикистон", ки фурӯшгоҳи бузурги «Ашан» (Auchan) ва шабакаи супермаркетҳои «Би1»-ро идора мекунад, овозаҳо дар бораи аз бозори Тоҷикистон рафтани сармоягузорони фаронсавиро рад мекунад.
Замира Орифова, директори генералии ҶСП "Шивер Тоҷикистон" дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки чунин масъала аз ҷониби саҳмдорон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.
Ӯ зикр кард, ки айни замон ҳайати саҳмдорони ширкат мисли пешина аст ва ҳеҷ яке аз саҳмдорони амалкунанда ният надорад, ки аз ҳайати ширкат хориҷ шавад.
Замира Орифова таъкид дошт, ки баръакс, онҳо боз кардани гипермаркетҳои навро дар Тоҷикистон дар нақша доранд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таъмиру навсозии дохилии гипермаркети "Ашан" ҷараён доранд, то ки харид барои муштариён бароҳаттар шавад.
Овозаҳо дар бораи тарки Тоҷикистон кардани ширкати фаронсавии "Шивер Групп", ки бастаи назоратии саҳмияҳои "Шивер Тоҷикистон"-ро дар ихтиёр дорад, пас аз нашри хабарҳо дар бораи баста шудани шабакаи гипермаркетҳои «Ашан» дар Русия пайдо шуданд.
Қобили зикр аст, ки Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва ширкати “Евразия”-и Тоҷикистон низ саҳмдорони ҶСП "Шивер Тоҷикистон" мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки гипермаркети "Ашан" дар Душанбе соли 2016 ифтитоҳ ёфт. Дар он то 14 ҳазор номгӯи маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо пешниҳод мешавад. Аввалин супермаркети "Би1" (шабакаи савдои чаканаи ширкати "Шивер Тоҷикистон") дар Душанбе соли 2018 боз шуда, ҳоло дар пойтахт 13 супермаркет фаъолият мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 5 ҳазор номгӯи маҳсулот ба фурӯш гузошта шудааст.





Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста