Дирӯз, 18-уми феврал Қоҳир Расулзода, сарвизири Тоҷикистон дар доираи сафари расмии худ ба Эрон бо Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон мулоқот карда, "аз рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишвар, ки пас аз сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ривоҷ ёфтааст", таъкид кардааст.

Хабаргузории “Ховар” навишт, ки “тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ  барои Тоҷикистон бо Эрон ҳамчун авлавият боқӣ мемонад”.

“Бо такя ба зарфияти мавҷуда барои ноил гардидан ба тавофуқоти қаблӣ дар мавриди ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонидани ҳаҷми табодули мол байни ду кишвар изҳори умеду боварӣ карда шуд”, - навиштааст ин расона.

Ҳамчунин, таъмини рафтуомади бе раводид байни Тоҷикистону Эрон, сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, нақлиёт ва ғайра аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими суҳбат будааст.


Изҳори умедворӣ карда шудааст, ки “ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун аз имрӯза дида бештар густариш меёбанд”.

Ёдовар мешавем, ки Қоҳир Расулзода бо як сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад. Ӯ дирӯз, 18-уми феврал дар ҳамоиши сеюми иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Баҳри Хазар ҳамчун меҳмони вижа ширкат кард ва бо ҳамтоёни эронии худ дидору гуфтушунид кард.

Бояд гуфт, ки чанди соли охир баъди сард шудани муносибатҳои Тоҷикистон Эрон дар авоили солҳои 2010-ум муносибатҳои ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард.

Бо сард шудани муносибати ду кишвар ҳаҷми савдои дуҷониба низ якбора кам шуд. Агар дар соли 2013 ду кишвар ба маблағи беш аз 292 миллион доллар додугирифт карда бошанд, соли 2020 ин рақам баробари 57,7 миллион доллари амрикоӣ шуд.

Баъди нармиши муносибаҳо дар соли 2021, танҳо дар ду моҳ (откябр-ноябр)-и соли 2021 ҳаҷми содирот аз Эрон ба Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфт.

Айни замон 160 ширкат бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар муқоиса бо солҳои пешин соли 2024 ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулоти миёни кишварҳо 3,2 баробар афзудааст.

Ёдрас мешавем, рӯзҳои 15-17 январи соли ҷорӣ сафари давлатии президенти Эрон Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон баргузор шуда, 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. Дар ҷараёни форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.