Имрӯз, 7-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ба Маскав сафар мекунад. Ин сафар то 8-уми октябр идома хоҳад кард. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони кишварҳои ИДМ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русияро хабаргузории "РИА Новости" ҳам бо такя ба ВКХ Тоҷикистон нашр кардааст.
Қаблан, 5-уми октябр хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки Владимир Путин дар номаи табрикоташ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибат зодрузаш дар бораи вохӯрии онҳо, ки дар Маскав дар “рӯзҳои наздик” баргузор мешавад, ёдоварӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон тасдиқ кардааст ки Шавкат Мирзиёев 7-8 октябр бо сафари корӣ ба Москва меравад, то дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ иштирок кунад.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров низ тасдиқ кардааст, ки 7-8 октябр ба Русия сафар мекунад, то дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намояд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҳамасола дар моҳи октябр баргузор мешавад. Дар ҷаласаи имсола сарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд ва қарорҳое дар бораи раисии ин созмон дар соли 2025 қабул хоҳанд кард.
Феълан раисии ин Шӯроро Русия ба уҳда дорад ва дар ин саммити дар пешистода раиси он ба Тоҷикистон супорида мешавад.
Инчунин, дар рӯзномаи саммит муроҷиат ба халқҳои кишварҳои ИДМ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита бо 80-солагии Ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ ва таҳкими ҳамкориҳои интегратсионӣ баррасӣ хоҳанд шуд.