Субҳи имрӯз, 23-юми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Русия сафар кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 22-ми октябр дар шаҳри Қазони Русия нишаст (саммит)-и 16-уми БРИКС оғоз гардид ва қарор аст то 24-уми октябр идома ёбад. Дар ин нишаст ширкати 20 ҳазор меҳмонони воломақом аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла 36 сарвари давлат, дар назар аст.

Ин чӣ гуна иттиҳодия аст ва имконияти ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба он чӣ гуна хоҳад буд, дар матлаби Оё барои Тоҷикистон узвият дар БРИКС зарур аст? мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.