Бонки ҷаҳонӣ пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро аз натиҷаи соли ҷорӣ ба андозаи 0,7 банди фоизӣ баланд бардошта, аз 6,5% то 7,2% расонид. Тавре ки дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ зикр шудааст, ин баландтарин нишондиҳанда дар байни ҳамаи кишварҳои ин минтақа мебошад.

Рушди нисбатан баланди иқтисодӣ то охири соли ҷорӣ ҳамчунин дар Ӯзбекистон (6,0%), Қирғизистон (5,8%) ва Арманистон (5,5%) пешбинӣ шудааст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои ду соли наздик беҳтар кардаанд: аз 4,5% то 5,5% дар соли 2025 ва аз 4,5% то 5,0% дар соли 2026.

Сатҳи баландтари рушди иқтисодӣ дар солҳои 2025-2026 танҳо барои Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст (мутаносибан 5,8% ва 5,9%).

Ҷадвал аз гузориши Бонки ҷаҳонӣ

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 22 кишвар дохил мешаванд, аз ҷумла:

- кишварҳои Аврупои Марказӣ (Булғористон, Хорватия, Лаҳистон (Полша), Руминия);

- кишварҳои Аврупои Шарқӣ (Беларус, Молдова, Украина);

- Русия;

- кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ (Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон);

- Туркия;

- кишварҳои Балкани Ғарбӣ (Албания, Босния ва Ҳерсеговина, Косово, Черногория, Македонияи Шимолӣ, Сербия);

- кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон).

Дар маҷмӯъ, муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки «пас аз як қатор буҳронҳо дар кишварҳои дар ҳоли рушди ин минтақа устувории рушди иқтисодӣ мушоҳида мешавад, вале дар сатҳи хеле поинтар нисбат ба аввали солҳои 2000-ум қарор дорад».

Тибқи пешгӯиҳо, дар соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ дар минтақа дар муқоиса бо 3,5% дар соли 2023, метавонад то 3,3% суст шуда, дар соли 2025 то 2,6% поин равад.

«Ин хеле поинтар аз нишондиҳандаи миёнаи солонаи солҳои 2000-2009 мебошад», - омадааст дар гузориш.

Рушди баланди иқтисоди Тоҷикистон (8,3% дар соли 2023 ва 8,2% дар нимсолаи аввали соли 2024) қаблан аз ҷониби таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бо зиёд шудани даромадҳо аз содироти тилло, афзоиши истеъмоли хусусӣ ва хароҷоти давлатӣ ба инфрасохтор шарҳ дода мешуд.

«Талаботи дохилӣ бо зиёд шудани интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва болоравии музди меҳнат дар бахши давлатӣ дар соли 2023 дастгирӣ ёфт, ки ба коҳиши минбаъдаи сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд», - зикр шуда буд дар гузориш оид ба иқтисоди Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.