Аз 22 то 24 октябр дар шаҳри Қазони Русия нишаст (саммит)-и 16-уми БРИКС баргузор мешавад, ки дар он ширкати 20 ҳазор меҳмонони воломақом аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла 36 сарвари давлат, дар назар аст.
Ин иттиҳодия чӣ гуна аст ва имконияти ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба он чӣ гуна хоҳад буд?
Дар нишаст кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳор доштааст, ки муайян кардани мақоми шарикони БРИКС масаъалаи калидӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди густариши БРИКС беохир нест. Дар робита ба ин, ба аъзои ин иттиҳод лозим меояд, ки дар мавриди шумора ва меъёрҳои шарикони эҳтимолӣ қарор қабул кунанд.
Президенти Русия Владимир Путин миёнаҳои моҳи сентябр гуфта буд, ки дар нишаст тасдиқи маҷмӯи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи изҳороти муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков, масъалаи дигаре, ки иштирокчиёни нишаст баррасӣ хоҳанд кард, "таъсиси инфрасохтори пардохту ҳисоббарории мустақил ва тобовар ба фишори таҳримҳо" мебошад, ки ӯ онро "унсури калидӣ дар таҳкими истиқлолият ва соҳибихтиёрии молиявии кишварҳои БРИКС" номид.
Дар мусоҳиба ба нашрияи “Новое восточное обозрение” рӯзи 12 сентябр Рябков инчунин зикр карда буд, ки "даст кашидан аз доллар" ба як тамоюли объективии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, натанҳо кишварҳои БРИКС, балки як қатор дигар давлатҳо низ мекӯшанд вобастагии худро аз доллари ИМА кам кунанд ва инро метавон ба коҳиши эътимод ба низоми молиявии Ғарб шарҳ дод.
Дар ҳамин ҳол, Рябков чанде пеш изҳор дошт, ки густариши БРИКС набояд мақсади ягона бошад ва масъалаи таъсиси асъори ягона ҳанӯз барвақт аст, зеро ақидаи кишварҳо дар масъалаи танзим фарқиятҳои назаррас доранд.
“Ҳадафи БРИКС таъмин кардани "ҳамгироии табиии"-и кишварҳои нави узв аст ва иттиҳод барои аъзои нав боз мемонад, аммо густариш бояд на барои худи густариш, балки барои тақвияти имконот ва эътибори иттиҳод нигаронида шавад”, - хабар медиҳад РБК бо истинод ба муовини вазири корҳои хориҷии Русия.
Ӯ сухан гуфтан дар бораи ҷорӣ кардани асъори ягона дар БРИКС-ро барвақт донист. «Сабабаш он аст, ки кишварҳои мо дар муносибат ба танзими тавозуни пардохтҳо, бозорҳои миллии молиявӣ ва ҳадафгирии таваррум фарқиятҳои ҷиддӣ доранд», - илова намуд номбурда.
Дар бораи БРИКС
Созмони БРИКС дар соли 2006 бо ташаббуси Русия таъсис ёфтааст. Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин дар ҳамон сол дар таъсиси он ширкат варзиданд, ки аз номи ин кишварҳо дар забони англисӣ акроними BRIC ташаккул ёфт. Баъди ба ин созмон ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар соли 2011, иттиҳод номи БРИКС (BRICS)-ро гирифт.
Мақсади асосии ин иттиҳод, ки ҳанӯз дар аввалин нишасти он дар Екатеринбург дар моҳи июни соли 2009 муайян карда шуд, «рушди муколама ва ҳамкориҳои пайваста, фаъол, амалгаро (прагматикӣ) ва кушода байни кишварҳо» буд. Баъдтар принсипҳое чун хислати ғайриблокӣ ва фаъолият надоштан ба муқобили кишварҳои сеюм мувофиқа шуданд.
Моҳи майи соли 2022 дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои БРИКС, Чин пешниҳод кард, ки раванди густариши БРИКС оғоз шавад, то ки «намояндагии ин иттиҳод ва таъсири он дар ҷаҳон зиёд гардад». То моҳи августи соли 2023 ҳудуди 20 кишвар барои узвият дар ин созмон дархост пешниҳод намуданд.
Соли 2023 дар нишасти 15-ум дар Йоханнесбург эълон гардид, ки шаш кишвар — Аргентина, Миср, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Арабистони Саудӣ ва Эфиопия ба созмон ҳамроҳ мешаванд. Аммо дар моҳи декабри соли 2023 Аргентина аз пайвастан ба БРИКС даст кашид (пас аз ба қудрат расидани президенти нав Хавер Милей). Боқимонда кишварҳо аз 1 январи соли 2024 узви комилҳуқуқи БРИКС шуданд. Пас аз ин иттиҳод ғайрирасмӣ номи БРИКС+-ро гирифт.
Тартиби расмии пайвастан ба ин созмон то ҳол дар ягон санад навишта нашудааст. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳангоми баррасии номзадҳо барои шомил шудан ба созмон, эътибор ва мавқеи байналмилалии кишвари номзад ба назар гирифта мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи аъзои БРИКС барои қабули кишварҳое, ки дар бисёр масъалаҳо ҳамфикр ҳастанд, изҳори назар карданд. Гап дар бораи кишварҳое меравад, ки ба бисёрқутбӣ ва зарурати муносибатҳои байналмилалии демократӣ ва одилона бовар доранд.
Айни замон тақрибан 30 кишвар, аз ҷумла Алҷазоир, Бангладеш, Баҳрайн, Венесуэла, Покистон, Малайзия, Озарбойҷон ва дигарон барои узвият дар БРИКС дархост додаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин рӯйхат то кунун танҳо Қазоқистон ҳузур дорад.
Мақомоти ин кишварҳо бар ин назаранд, ки узвият дар БРИКС ба онҳо имкон медиҳад, ки масъалаҳои гуногуни ҷаҳониро самараноктар ҳал кунанд ва манфиатҳои миллии худро ҳимоя намоянд.
Муқобили G7?
Бисёр коршиносон БРИКС-ро муқобили "Ҳафтгонаи бузург" (G7) мешуморанд.
"Ҳафтгонаи бузург" (G7) як иттиҳоди ғайрирасмии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аст, ки ҳар сол барои баррасии масъалаҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ форумҳо баргузор мекунад, Ба ҳайати он Британияи Кабир, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон дохил мешаванд. Дар форумҳои он инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунанд.
G7 ҳеҷ гуна ҳуҷҷати таъсисӣ, қоидаҳои расмӣ ё котибот надорад. Қарорҳои он ҳукми ҳатмӣ надоранд ва маъмулан дар бораи сабти нияти ҷонибҳо барои пайравӣ ба як хатти мувофиқ сухан меравад.
Аз соли 1998 то 2014 Русия узви ин гурӯҳ буд ва он "Ҳаштгонаи бузург" ном дошт. Аммо пас аз ҳамроҳшавии Қрим ба Русия, узвияти Русия дар он мутаваққиф карда шуд.
Тобистон имсол Агентии иттилоотии амрикоии Bloomberg навишта буд, ки васеъшавии БРИКС онро ба "муқобилияти қавитар" барои G7 табдил медиҳад, ки кӯшиши ба баҳс кашидани ҳукмронии ИМА-ро дар арсаи ҷаҳонӣ дорад.
Таҳлилгарони Агентӣ БРИКС-ро бештар як иттиҳоди сиёсӣ медонанд, на иқтисодӣ.
Ба ақидаи муаллифони нашрия, Чин кӯшиш мекунад, ки як тартиботи алтернативии ҷаҳониро созад, "кишварҳои нимкураи ҷанубиро ба мадори иқтисодии худ ҷалб карда, ба ин васила ҳукмронии ИМА зери шубҳа гузорад.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Федоров, корманди калони илмии Пажуҳишгоҳи Аврупо дар Академияи илмҳои Русия, бар ин назар аст, ки БРИКС ҳоло бештар хислати иқтисодӣ дошта, лекин бо мурури замон нақши геополитикиро низ иҷро хоҳад кард.
"БРИКС ба бунёди иттиҳоди кишварҳо бар зидди касе ҳеҷ гуна нияте надорад. Ҳарчанд БРИКС ҳадафҳои сиёсӣ надошта бошад ҳам, тақвияти мавқеи он ба сустшавии ногузири мавқеи Ғарб боис хоҳад шуд. Масалан, Чин ҳамеша инро таъкид мекунад, ки иттиҳоди кишварҳои БРИКС барои татбиқи сиёсати мустақили иқтисодӣ таъсис шудааст", - гуфтааст Федоров дар суҳбат бо АиФ-Москва.
Ба ақидаи ӯ, нигаронии Ғарб гувоҳи он аст, ки нуфузи БРИКС дар иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Дар асл, президент Путин низ вақте ки дар бораи муқоисаи нишондиҳандаҳои ин ду иттиҳод сухан гуфт, ба ин муқобилият ишора кард.
"Ҳафтгонаи бузург" дар чӣ ҳолат аст? Дар асоси рақамҳо, корҳо начандон хуб аст", - гуфт ӯ рӯзи 25 сентябр дар ҷаласаи Президиуми Шӯрои давлатӣ оид ба рушди содирот.
Президенти Русия эътироф кард, ки бо таваҷҷуҳ ба ин рақамҳо нигоҳ мекунад:
"Ҳафтгонаи бузург" дар соли 1992 чӣ гуна буд? 45,5%-и ММД-и ҷаҳонӣ. Ва дар соли 2022 – аллакай 30,5%. 45,5% буд, 30% шуд. Пешбинии соли 2028 – 27,9%...
Аммо БРИКС чӣ? Бе назардошти аъзои нави созмон, дар соли 1992 ҳисса дар ММД-и ҷаҳонӣ 16,7% буд ва дар соли 2022 – 31,4% шуд. Пешбинии соли 2028 – 33,8%.
Ин тамоил вуҷуд дорад, он боқӣ мемонад. Ин як раванди объективист, ки ҳатто бо вазъият дар ҷангҳо, аз ҷумла дар самти барои ҳамаи мо маълум, алоқаманд нест", - илова намуд ӯ.
Тоҷикистон ва БРИКС
Пеш аз ҳама, бояд фаҳмид, ки БРИКС бештар як клуби манфиатҳо аст, ки иқтисоди бузурги кишварҳои рӯ ба тараққӣ (кишварҳои дунёи дуюм)-ро дар бар мегирад, дар ҳоле ки G7 танҳо кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳонро муттаҳид мекунад.
Қарорҳои муштараке, ки дар ҳуҷҷатҳои ниҳоии ин иттиҳод сабт мешаванд, ягон муҳтавои ҳатмӣ надошта, танҳо хусусияти тавсиявӣ доранд.
Тоҷикистон бори аввал дар соли 2017, вақте ки Чин раёсати БРИКС-ро дар уҳда дошт, ба нишасти ин иттиҳод даъват шуд.
Ҳоло маълум нест, ки оё роҳбарияти ҷумҳурӣ дар нишасти Қазон иштирок хоҳад кард ва умуман, даъват шудааст ё не.
Ба назари коршиносони маҳаллӣ, дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад танҳо ҳамчун нозир дар БРИКС ҳузур дошта бошад. Барои узви комилҳуқуқ гардидан, доштани сатҳи зарурии иқтидори иҷтимоиву иқтисодӣ ва мудофиавии кишвар, инчунин мавқеи назаррасии сиёсӣ дар арсаи байнулмилалӣ лозим аст.
Бо вуҷуди ин, иштирок дар БРИКС ҳатто ҳамчун нозир ба ҷумҳурӣ баъзе фоидаҳо меорад.
Пеш аз ҳама, ин як минбари иловагӣ барои гузаронидани гуфтушунидҳои ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷониба дар ин ё он самт аст.
Илова бар ин, пайвастан ба БРИКС имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз қарзҳои Бонки нави рушди ин созмон, ки барои маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва рушди устувор таъсис шудааст, баҳра барад. Сармояи ибтидоии ин бонк 100 млрд долларро ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба қарзҳои арзон ва имтиёзнок ниёзи шадид дорад ва Бонки нави рушд метавонад як манбаи дигар барои ҷалби ин гуна маблағҳо шавад.
Аммо Тоҷикистон аллакай дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба бо ду кишвари асосгузорони БРИКС - Русия ва Чин робитаҳои наздик дорад.
Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар соли 2023 ҳиссаи умумии ин ду кишвар дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 38,6%-ро ташкил дод (20,6% — Русия, 18% — Чин).
Русия ва Чин таҳвилгарони асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон мебошанд. Ҳиссаи умумии воридоти ин кишварҳо ба Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳаҷми умумии воридот 47,1%-ро ташкил дод (26,9% — Русия, 20,2% — Чин).
Инчунин ин кишварҳо сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон мебошанд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин ва Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2007-2023 ҳудуди 5,7 млрд долларро ташкил додааст (аз ҷумла беш аз 3,8 млрд доллар аз Чин ва тақрибан 1,9 млрд доллар аз Русия), ки 35%-и ҷалби сармояи хориҷиро ташкил медиҳад.
Байни аъзои нави БРИКС Тоҷикистон бо Эрон робитаҳои наздик дорад, ки онҳоро умумиятҳои аслу насабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ мепайвандад.
Ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон бо Эрон дар соли гузашта тақрибан ба 100 млн доллар (3,1% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон) расида, ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшудаи Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 400 миллион долларро ташкил медиҳад.