Як рӯзи таърих – 11 декабр
Соли 1946 – Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.
Соли 1997 – домени миллии .tj ба қайд гирифта шудааст.
.tj – домени миллии дараҷаи аввал барои Тоҷикистон буда, ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, шаҳрванд ё ғайришаҳрванди Тоҷикистон метавонад доменҳоро дар минтақаи .tj сабти ном кунад.
Соли 2003 идоракунӣ ва бақайдгирии номи доменҳо ба маркази иттилоотӣ-техникии дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон вогузор карда шуд. 29 январи соли 2004 аввалин доменҳо дар минтақаи .tj ба қайд гирифта шуданд. Соли 2007 сабти доменҳои .tj барои шаҳрвандони дигар кишварҳо кушода шуд.
Соли 2002 – Хазинаи байналмилалии асъор созишномаи сесола дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо кардани қарз дар ҳаҷми $87 млн барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди иқтисодии кишварро тасдиқ кард.
Соли 2008 – Тоҷикистон ба узвияти Бонки авруосиёии рушд пазируфта шуд.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки интиқоли оби тозаи Тоҷикистон ба Урдун ба роҳ монда шавад
Соли 2019 – Қонуне қабул шуд, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар қарор доранд, афв карда мешаванд.
Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон ҳайати нави ҳукумати ҷумҳуриро тасдиқ кард
Соли 2020 – Дар Тоҷикистон ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ таъсис дода шуд.
Шахсиятҳо
Соли 1952 – Зодрӯзи Ҳалим Сангинов, коргардон, корманди телевизиони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон
Ҳалим Сангинов 11 декабри соли 1952 по ба олами ҳастӣ ниҳодааст. То ин вақт бо коргардонии Ҳалим Сангинов садҳо филму намоишномаҳои телевизионӣ рӯйи кор омадаанд. Аз ҷумла, “Тоҷикони дунё”, “Атои саҳна”, “Ғуруб”, “Самаки Айёр”, “Тоҷикистон”, “Рӯ ба хуршед”, “Ширин”, “Гули санг”, “Шумқадам”, “Девори хотира”, “Бузургвор”, “Дарди Ҳошим”, “Армуғони Рухшона”, “Рустам ва Суҳроб”, “Ситораҳои Шарқ”, “Дугонаҳо”, “Чароғаки роҳнамо”, “Наврӯзи аҷам”, “Базми Ҷамшедӣ”, “Салом, фестивал”...
Дар давоми фаъолияти коргардонии худ аз рафти кор дар НБО Роғун як зумра филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст, аз ҷумла “Биё созем Роғунро”, “Пайкори Роғун”, “Месозамат Роғун”, “Рӯ ба рӯ”, “Асрори лоиҳа”, “Гавҳари меҳр” ва “Роғун чист?”
Соли 1981 – мавлуди Асрор Сатторов, олим, номзади илмҳои педагогика
Асрор Сатторов фаъолияташро ҳамчун китобдор оғоз намуда, солҳо омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик буд. Баъдан дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият пардохта, рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ аст.
Соли 1945 – зодрӯзи Набӣ Носиров, олим, номзади илмҳои иқтисод
Набӣ Носиров дар рушди илмҳои иқтисодӣ дар донишгоҳҳои кишвар саҳми бориз дорад ва чандин рисолаву китобҳои таълимӣ дар ин самт таълиф намудааст. Солҳо дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси декани факултаи иқтисодӣ фаъолият намуд.
Муаллифи зиёда аз 80 асарҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, аз ҷумла, 6 монография ва зиёда аз 200 асарҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, “Иқтисод ва ташкили истеҳсолот”, “Рушди инсонӣ”, “Идоракунии истифодабарии захираҳои табиии Тоҷикистон”, “Иқтисод ва ташкили протсесси истеҳсолкунанда”
Соли 2012 – Лола Исмоилова, зистшинос, доктори илмҳои биологӣ аз олам даргузашт.
Ӯ ҳамсари Қандил Ҷӯраев, ҷуғрофиёдон ва иқтисоддони маъруфи тоҷик аст. Лола Исмоилова муаллифи 200 асару мақола, аз ҷумла 16 навоварӣ, 24 дастурамали методӣ, 2 китоби дарсӣ аст. Ӯ пас аз нашри як аксаш дар маҷаллаи “Огонёк” декабри соли 1949 унвони ғайрирасмии “Маликаи ҳусн”-и Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуд ва 16 апрели соли 1950 Петр Миргородский, муҷассамасози машҳур дар шаҳри Гурзуфи Қрим ба хотири Лола Исмоилова ҳамчун тимсоли зебоии зан пайкарае сохт.
Ҳаводиси муҳими ҷаҳон дар рӯзи 11 декабр
Имрӯз дар ҷаҳон рӯзи байналмилалии кӯҳҳо ҷашн гирифта мешавад. Он дар асоси қарори Ассамблеяи Генералии СММ дар моҳи январи соли 2003 ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Мақсади таъсиси ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти рушди минтақаҳои кӯҳии сайёра ва зарурати кӯмак ба аҳолии ин минтақаҳо шарҳ дода мешавад.
Кӯҳҳо қариб чоряки сатҳи заминро ишғол мекунанд ва дар пешрафти ҷаҳон ва рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд. Кӯҳҳо манзили истиқомати тақрибан 15 дарсади аҳолӣ буда, беш аз 1 миллиард аҳолӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд.
11 декабр Рӯзи байналмилалии рақси “Танго” ҷашн гирифта мешавад. дар ин сана таҷлил гардидани он ба рӯзи таваллуди сароянда ва ҳунарпешаи аргентинӣ Карлос Гардел, ки “Подшоҳи танго” дониста мешавад, рабт дорад. Ин навъи рақс дорои фалсафаи муқовимат дониста мешавад.
Соли 2009 бо қарори ЮНЕСКО навъи рақси “Танго” ҳамчун маҷмӯи мусиқӣ, рақс, шеър ва анъанаҳои хоси минтақаи Рио де ла Плата ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият дохил карда шуд.
11 декабри соли 1972 бо киштии кайҳонии “Аполлон-17” одамони ба сатҳи Моҳ қадам гузоштанд. Ба ҳайати киштии кайҳонӣ Юджин Сернан, фармондеҳи киштӣ, Роналд Эванс, халабони модули фармондеҳӣ ва Харрисон Шмит, аввалин олими кайҳоннавард, геолог шомил буданд.
То имрӯз ин парвоз охирин парвози ҳавопаймоӣ ба Моҳ ва охирин фуруд омадани одамон ба сатҳи он боқӣ мемонад.
Вазъи обу ҳаво барои 11 декабри соли 2024
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3-8º сард, рӯзона -1+4º; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17º сард, рӯзона 4-9º сард
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм; дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -2+3º
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона -1+4º; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард, рӯзона -4+1º
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши барф, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 37-39º сард, рӯзона 11-16º сард
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 2+4º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона -1+1º
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 4+6º гарм
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда. Ҳарорат: шабона 10-12º сард, рӯзона 2-4º сард
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста