ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 АВГУСТ

Соли 2006 – Дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошими ВМКБ чаҳорумин бозори сарҳадӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2011 – Қонуни “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди амал қарор гирифт.

Соли 2018 – Дар Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди махсуси “пулиси сайёҳӣ” таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Комиссияи махсусе таъсис ёфт, ки ба ҷустуҷӯи манбаъҳои маблағгузорӣ барои идомаи сохтмони НБО Роғун машғул аст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Мавлуди Абдулхайр Қосимов, ҳунарпешаи театру синамо.

 

Абдулхайр Қосимов

Абдулхайр Қосимов солҳо дар Театри драмаи мусиқӣ ва Театри ҷавонони шаҳри Бухоро ҳунар озмуда, баъдан як муддат дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳамчун ҳунарпеша фаъолия намуд.

Ӯ як муддат роҳбари бадеии Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ва баъдан роҳбари бадеии Театри халқии вилояти Ғарм буд. Номбурда аз соли 1946 то соли 1962 замони ба нафақа баромаданаш ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ будааст.

Абдулхайр Қосимов қариб дар 100 нақш дар театр ва беш аз 60 нақш дар синамо офаридааст. Ӯ дар филмҳои маъруфи синамои тоҷик, чун “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Қисмати шоир”, “Амалиёти “Кубро”, “Хиёнат” нақш офаридааст.

Инчунин худ муаллифи песаи телевизионии “Ҷасорат” ва як қатор намоишҳои телевизионӣ, чун “Чойхонаи дилкушо”, “Беғараз панд”, “Театри минётур” ва ғайра аст.

Мавсуф 15-уми феврали соли 1999 дар синни 91 аз олам даргузашт.

Соли 1941 – Зодрӯзи Бӯри Кимсанов, доктори илми химия, ихтироъкори шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1942 – Мавлуди Абдувоҳид Розиқов, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Соли 1942 – Мавлуди Абдуҳаким Ғафуров, доктори илмҳои биология, профессор.

Соли 1944 – Зодрӯзи Майсара Дилдорова, овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик.

 

Майсара Дилдорова

Майсара Дилдорова фаъолияти ҳунариашро дар дастаи ҳавасмандони санъати мактаби миёнаи шаҳри Хоруғ оғоз намудааст. Ӯ аз соли 1960 сароянда ва ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаров буд.

Истеъдоди сарояндагии хоса дошт ва ин, махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ бештар зоҳир гардидааст.

“Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст”, “Иди Зафар”, “Хоруғи зебо”, “Моҳи Шуғнон” аз беҳтарин сурудаҳои Майсара Дилдорова мебошанд.

Ӯ инчунин дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ як силсила нақшҳои асосиро бозидааст. Аз ҷумла, Гулқурбон дар “Тошбек ва Гулқурбон”, “Гурдофарид” дар “Рустам ва Суҳроб”, Гулбаҳор дар “Бой ва хизматгор”, Ситора “Бахти шумо бахти ман аст” ва Латофат дар “Тӯй” аз нақшҳои беҳтарини ӯянд.

Соли 1950 – Мавлуди Абдуғаффор Рауфӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Соли 1954 – Зодрӯзи Матлуба Ӯлҷабоева, раиси иттиҳодияи миллии соҳибкорони хурду миёна, духтари Турсун Ӯлҷабоев, роҳбари Тоҷикистон дар замони шӯравӣ.

Соли 1960 – Мавлуди Абдулазиз Ғаффоров, доктори илми техникӣ.

Соли 1999 – Уктамҷон Пӯлодов, бостоншинос, муаррих ва рӯзноманигори тоҷик дар 62-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

2-юми августи соли 1946 дар шаҳри Люксембург Ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматии Федератсияи умумиҷаҳонии ассотсиатсияҳои пуштибони Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд. Дар конфронси таъсисии он намояндагони 22 ассотсиатсияи миллӣ ширкат варзиданд.

 


Ҳадафи асосии ин федератсия мувофиқи оинномааш ҳамоҳангсозӣ ва тақвияти фаъолияти ассотсиатсияҳо ва созмонҳое мебошад, ки ҷонибдори ҳадафу арзишҳои СММ мебошанд.

Ин ниҳод ҷонибдори халъи силоҳ, таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо новобаста аз сохти сиёсию иҷтимоии онҳо мебошад. Манбаи маблағгузории он аслан аз ҳисоби ҳаққи аъзогии ассотсиатсияҳо ва кумакҳои ихтиёрии созмонҳо ва ашхоси алоҳида ташкил мешавад.

2-юми август ҳамчунин ҷашни ғайрирасмии Рӯзи нишастан дар назди панҷараи тиреза таҷлил мешавад. Гарчанде сарчашмаи аслии ин ҷашн маълум нест, аммо дар ин рӯз бисёре аз одамон тасмим мегиранд, дар канори тиреза нишинанд, рафтуомади одамону мошинҳоро мушоҳида кунанд, китоб хонанд ё танҳо фикр кунанд.

Ин як роҳи хоси оромиш ва дур шудан аз шуғлу ташвишҳои рӯзмарра маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди ин, бояд амниятро низ фаромӯш накард.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанди бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22 гарм, рӯзона 36+38º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.