ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 АВГУСТ

Соли 2009 – Ҷомеаи журналистон ва расонаҳои Тоҷикистон дар пайи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ҳукумат муроҷиат карда, хостори пуштибонӣ аз “ҳокимияти чаҳорум” шуданд.

Соли 2011 – Президенти кишвар дар шаҳри Хуҷанд Кохи матбуот ва муҷассамаи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуд.

Соли 2020 – Хазинаи эътидол ва рушди Авруосиё барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар ҷудо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1909 – Мавлуди Иброҳим Барамиков, филмбардор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1942 – Зодрӯзи Мамадаёз Навҷувонов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон.

 

Мамадаёз Навҷувонов

Мамадаёз Навҷувонов аз соли 1989 то 1992, давраи пурталотум ва замони оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии кишвар буд.

Ӯ соли 1942 ба дунё омада, пас аз хидмати ҳарбӣ дар соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи Саратовро хатм кард. Соли 1979, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинград ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Дар ин ҷо аз фармондеҳи дастаи нерӯҳои умури дохилӣ то вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯравӣ расид. Давраи вазирии ӯ, солҳои 1989 – 1992 ба мушкилтарин марҳилаҳои Тоҷикистон, замони нооромиҳои сиёсӣ ва оғози ҷанги дохилӣ рост омад.

Дар давраи ҷанги дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов асосан дар Бадахшон ба сар бурда, соли 1998 ба Душанбе баргашт ва соли 2015 даргузашт.

Соли 1945 – Мавлуди Алимуҳамммад Муродӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

 

Алимуҳамммад Муродӣ

Алимуҳамммад Муродӣ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои зиёд дар матбуот кор кардааст. Ӯ муддате муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ” будааст.

Алимуҳаммад Муродӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Дастниҳол”, “Боғи мурод”, “Нози Наврӯз”, “Чароғи рӯзадор”, “Хайрбоди баҳор” ва чандин маҷмӯаҳои дигар аст. Мавсуф 28-уми августи соли 2020 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор гардид.

Соли 2010 – Зафар Нозим, овозхони саршиноси тоҷик дар синни 70 даргузашт.

 

Зафар Нозим

Зафар Нозим яке аз қофиласолорони ҳунари овозхонии тоҷик дар қарни гузашта буд ва бештар аз 40 сол яке аз мумтозтарин овозхонон дар саҳнаи ҳунари тоҷик дониста мешуд.

Ӯ 2-юми июни соли 1940 ба дунё омада, охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни XX ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шуҳратёр гашт.

Ӯ дар гузашта раҳбари Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии фолклории “Ганҷина” буд.

Таронаҳои вай бар осори классикон мисли “Эй сорбон”, “Бигзор то бигирям”, “Модар” ва даҳҳо дигар ба унвони шоҳасари ҳунари овозхонӣ дар ганҷинаи фарҳангии тоҷикон боқист. Вай соҳиби унвонҳои пурифтихори Ҳунарманди мардумӣ ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон буд.  Зафар Нозим 3-юми августи соли 2010 дар синни 70-солагӣ, баъд аз беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Соли 2011 – Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон дар синни 57 даргузашт.

 

Асадулло Ғуломов

Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои намоёни кишвар буда, дар  пешрафти кишвар талоши зиёд кардааст. Махсусан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, чун нерўгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо саҳм доштааст.

Солҳои 1995-2001 муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии “Тоҷиксохтмон” ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Фрунзе (Сино)-и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Соли 2003-2006 муовини сарвазири Тоҷикистон буд ва аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид. 

Асадулло Ғуломов 3-юми августи соли 2011 дар синни 57-солагӣ нобаҳангом, вақте бо чархбол сафари корӣ дошт, аз олам чашм пӯшид.

Соли 2023 – Саидмуҳаммад Одинаев, ректори пешини Донишгоҳи миллии Товикистон ва ректори пешини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар 80-солагӣ аз олам чашм баст.

 

САНАҲОИ  МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

3-юми августи соли 1492 сайёҳ ва кашшофи маъруфи испанӣ Христофор Колумб бо се киштӣ – “Санта-Мария”, “Пинта” ва “Ниня” саёҳати баҳрии таърихии худро оғоз кард. Ӯ бо такя ба ақидаи қадимӣ дар бораи гирдашаклии Замин ва бо истифода аз ҳисобҳои носаҳеҳи олимони асри XV, ният дошт кӯтоҳтарин роҳро аз Аврупо ба Ҳиндустон пайдо кунад.

 


Колумб бо киштиҳояш аз ҷазираҳои Канар ба самти Ғарб шино карда, уқёнуси Атлантикиро дар минтақаи субтропикӣ убур намуд. Билохира, 12 октябри ҳамон сол, экспедитсия ба ҷазираи Сан-Салвадор, ки қисми архипелаги Багама аст, расид. Ин рӯйдод дар таърих ҳамчун рӯзи расмии кашфи Амрико сабт шудааст.

Ҳамасола 3-юми август дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун Рӯзи тарбуз таҷлил мегардад. Таърихи ин ид аз Амрико сарчашма мегирад, ки дар он ҷо ҳамчун Рӯзи миллии тарбуз шинохта шудааст.

Амрико аз рӯи истеъмоли тарбуз дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор доштааст. Гарчанде маълум нест, ки ин идро кӣ ва кай таъсис додааст, аммо он сол то сол маъруфияти бештар касб мекунад ва ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 3 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.