Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар бо ишора ба афзоиши ҷиноятҳои вобаста “дуздии барқ”, аз истифодаи ғайриқонунии “майнинг фермаҳо” дар кишвар, ки барои истеҳсол ва коркарди рамзарз ё крептоасъор истифода мешавад, изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ, рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2025-ум аз ҳисоби истифодаи ғайриқонунии барқ барои насб ва истифодаи дастгоҳ барои “Майнинг” 32 млн сомонӣ зарар ошкор ва барқарор карда шуд.
Ба иттилои ӯ, барои насбу истифодаи дастгоҳ барои истеҳсоли рамзарз то ҳол 4-5 парванда низ оғоз шуда, тафтишот оид ба ин ҳодисаҳо идома доранд.
Ба гуфтаи ӯ, шахсони алоҳидае ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар таҷҳизоти “Майнинг фирмаҳо”-ро ба кишвар ворид мекунанд ва ғайриқонунӣ рамзарз истеҳсол мекунанд.
Рамзарз ё криптоасъор як навъи маблағи онлайнӣ аст, ки барои истеҳсоли он компютерҳои пуриқтидор ва интернетӣ босуръат лозим аст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли он барқи зиёд сарф мешавад. Қонунгузории Тоҷикистон онро пурра танзим накардааст.

Бо ин вуҷуд, мақомот ҳамасола даҳҳо нафарро барои истеҳсоли рамзарз тавассути дастгоҳ барои майнинг, ки аксаран дар хонаҳои истиқоматиашон насб мешавад, хабар медиҳанд. Аз ҷумла, чанде пеш додситонии вилояти Суғд аз истифодаи ғайриқонунии “Майнинг фермаҳо” хабар дод.
“Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 ҳолат ба миқдори 135 адад таҷҳизоти “майнинг”, ки барои коркарду истеҳсоли криптоасъор дар манзилҳои истиқоматӣ истифода мешудаанд ошкор шудааст. Зарари ошкоршуда 287 ҳазору 939 сомониро ташкил медиҳад”, - гуфт мешавад дар хабар ин ниҳод.
Аз муштариён 273 млн сомонӣ қарзи истифодаи барқ рӯёнида шудааст
Зимнан, Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, давоми ним сол 3 ҳазору 988 нафарро барои “дуздии барқ” ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида, алайҳи 190 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Дар пайи ин, 38,7 миллион сомонӣ зарари ошкоршуда аз “дуздии барқ” ба буҷети кишвар барқарор шудааст.

Ҳамчунин, ба иттилои номбурда, дар ин давра 273 миллион сомонӣ қарзи истифодаи нерӯи барқ аз муштариён рӯёнида шудааст.
“То имрӯз дар кишвар қарздорӣ аз истифодаи нерӯи барқ 4 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки танҳо 1 миллиарду 600 миллиони он ба шаҳрвандон ва боқимонда ба корхонаву ташкилот дахл дорад”, - гуфт додистони кул.
Ёдрас мешавем, ки чанд моҳ қабл ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.
Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.




Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Ҳалокати 67 рӯзноманигор тайи 1 сол дар ҷаҳон: RSF мақомотро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста