ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 АВГУСТ

Соли 1937 – Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2004 – Дар шаҳри Душанбе бинои нави Шурои адлия ифтитоҳ гардид. Чанд сол пеш ин ниҳод барҳам хурд.

Соли 2006 – Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, раиси собиқи Гвардияи миллӣ ва роҳбари пешини оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ғаффор Мирзоев рӯзи 6-уми августи соли 2004 аз ҷониби дастаи “ОМОН”-и ВКД Тоҷикистон дар ҷои кораш дастгир ва 11-уми августи соли 2006 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар содир намудани 112 ҷиноят аз рӯи 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризм, ташкили се куштор, кӯшиши ошӯби низомӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, суистеъмол аз мансаби хизматӣ ва ғайра гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ғаффор Мирзоев

Соли 2013 – Аввалин телевизиони мустақил бо номи “СафВ” дар Русия ба пахши барномаҳо ба забони тоҷикӣ оғоз кард.

Соли 2017 – Кодекси одоби хизматчии давлатӣ қабул гардид.

Соли 2020 – Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон қасди худкушӣ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1920 – Мавлуди Муборак Мансурова, доктори илми биологӣ.

Соли 1935 – Зодрӯзи Носир Ҳасанов, ҳунарпеша ва коргардони театру синамои тоҷик.

Носир Ҳасанов

Носир Ҳасанов хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Маскав буда, аввал як муддат дар театри Хуҷанд ҳунарнамоӣ кард ва баъдан соли 1961 ба Театри Лоҳутӣ омад.

Ӯ беш аз 50 нақш дар саҳнаи тетар офаридааст. Нақши Маҳмад дар “Нурхон”, Раҳмат дар “Ҳукми модар” ва Хуршед дар “Ҳаёт ва ишқ”, Карим дар “Ҳуррият”, Масхарабоз дар “Рустам ва Суҳроб”, Бобо Шодӣ дар “Дилҳои сӯзон”, Файзулло Хӯҷаев дар “Загареский дар “Дод аз дасти ақл” аз қобили беҳтарин нақшҳои ӯянд.

Носир Ҳасанов дар синамои тоҷик низ нақшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла Сафархӯҷа дар “Бачаҳои Помир”, Қарошир дар “Ниссо”, Носир дар “Ҳасани аробакаш”, Дадаҷон дар “Ҷӯра-саркор”, Мудири анбор дар “Асрори оила”.

Мавсуф 20-уми феврали соли 2021 дар 86-солагӣ даргузашт.

Соли 1943 – Мавлуди Алимамад Ниёзмамадов, собиқ раиси ВМКБ.

Алимамад Ниёзмамадов

Алимамад Ниёзмамадов фориғуттаҳсили Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон буда, ҳамчунин Донишкадаи олии ҳизбии Тошкандро низ хатм кардааст.

Ӯ дар оғози фаъолияти хеш дар соҳаи кишоварзӣ дар ВМКБ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кард.

Солҳои 1988-1993 котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Панҷ кор кард. Моҳи декабри соли 1994 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда, то соли 2002 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Аз соли 2000 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ буд ва соли 2006 ба нафақа баромад.

Соли 1956 – Зодрӯзи Абдуғаффори Абдуҷаббор, нависанда, тарҷумон ва драматурги муосири тоҷик.

Абдуғаффори Абдуҷаббор

Абдуғаффори Абдуҷаббор хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград солҳо дар ин соҳа кор кардааст.  Фаъолияти рӯзноманигории ӯ дар газетаи “Вечерный Душанбе” оғоз ёфта, баъдан дар идораҳои гуногуни Телевизиони Тоҷикистон сармуҳаррир буд. Баъдан солҳои 1995—2004 роҳбари “Тоҷиктелефилм” ва аз соли 2004 роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд. Баъдан сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ-бадеии “Шарқу Ғарб” буд.

Абдуғаффори Абдуҷаббор муаллифи беш аз 1500 барномаи телевизионӣ, филмномаҳо, асарҳои бадеӣ, публисистӣ, ҳикоёт, қиссаҳо ва драмаҳо мебошад.

Ҳамчунин тарҷумаи асарҳои маъруфи ҷаҳонӣ – “Сад соли танҳоӣ”, “Ба полковник касе наменависад”-и Габриэл Гарсиа Маркес ва “Дарсҳои франсузӣ”-и В. Распутин ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Ӯ муаллифи филмномаву драмаҳои “Гавҳаре дораму соҳибназаре меҷӯям”, “Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст”, “Ҳанӯз андар замирам сад ҷаҳон аст”, “Сӯҳони қазо”, “Барфи охирин” аст.

Ӯ дар ҷодаи драматургия низ дасти бориз дорад ва песаҳои “Сӯҳони қазо”, “Шарофат”, “Масал бигӯ, Эзоп”, “Аспи захмхӯрда”-ро таълиф кардааст, ки дар театрҳои гуногуни кишвар саҳнагузорӣ низ шудаанд.

Соли 1977 – Мавлуди Турсунов Турсунмурод, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих.

Соли 2004 – Убайд Раҷаб, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 72 даргузашт.

Убайд Раҷаб

Убайд Раҷаб, ки асосан ба унвони шоири кӯдакон шинохта шудааст, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ буда, дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаҳои “Машъал” ва “Садои Шарқ” фаъолият намудааст. Ӯ як муддат котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мушовири ин иттифоқ оид ба адабиёти кӯдакону наврасон буд.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Орзуҳои ширин”, “Қиссаҳои модаркалон”, “Ҳамсуҳбати ширинзабон”, “Нинӣ чӣ ном дорад?”, “Ману ҷӯраҳои ман”, “Як дона марворид”, “Тӯшае аз ҳар гӯшае”, “Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?”, “Як лаълӣ марҷон” “Олуча гули бодом” аст.

Маҷмӯаҳои ашъори “Пайраҳа”, “Илҳом”, “Нимарӯз”, “Рози обшор”, “Саррез” барои калонсолон офарида шудаанд.

Номбурда 11 августи соли 2004 дар 72-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

11 августи соли 1979 дастаи футболи “Пахтакор”-и Тошканд дар як садамаи ҳавопаймоӣ ҳалок шуд. 17 футболбоз бо ҳавопаймои “Ту-134”-и ширкати “Аэрофлот” аз Тошканд ба Минск парвоз мекарданд, то дар бозии чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ бо дастаи “Динамо”-и маҳаллӣ ширкат намоянд.

Дар роҳ ҳавопаймои онҳо бо як ҳавопаймои дигар, ки аз Кишинёв ба Куйбишев парвоз мекард ва дар он 89 мусофир бо 6 узви экипаж қарор доштанд, ба ҳам бархӯрд. Ҳамаи футболбозони дастаи “Пахтакор” фавтиданд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, рӯзона 32+37º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24 гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои  камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.