Дар тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонсупорӣ аз беш аз 2 ҳазор кас, ки ҳуқуқи иштирок дар онро пайдо карда буданд, беш аз 700 тан ҳуҷҷат супорида, аз ин, 657 нафар донишҷӯ шуданд.
Маркази миллии тестӣ (ММТ) рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонро эълон кард.
Дар маҷмуъ, дар давраи сеюм, 15 ҳазору 703 довталаб ширкат карда, дар марҳалаи аввал 12 ҳазору 583 тан донишҷӯ шуданд ва 2 ҳазору 147 нафари дигар ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро пайдо карда буданд. Дар давраи такрорӣ танҳо беш аз 700 кас ширкат карда, 657 кас донишҷӯ шуданд.
Манбаъ мегӯяд, шахсоне ки донишҷӯй шуданд, бояд то 9-уми октябр ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаҳои олӣ қабулпешниҳод кунанд, дар акси ҳол, довталаб ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимиро аз даст медиҳад.
“Довталабоне, ки дар натиҷаи тақсимоти асосӣ ва такрории давраи сеюм ба муассисаҳои олӣ ва миёна дохил шуда натавонистаанд, дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ иштирок карда метавонанд. Ба тақсимоти такрории иловагӣ танҳо довталабоне ҳуқуқи иштирок доранд, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрории давраи сеюм комёб нашудаанд”, - гуфтанд аз ММТ.
Тақсимоти такрории иловагӣ ва рӯйхати ихтисосҳои ҷойҳои холӣ, пагоҳ, 9-уми октябр эълон мешавад. Кай ва дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шудани довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ, ба рақами мобилӣ ва кабинети инфиродии ӯ паёмак ирсол мешавад.
Тибқи иттилои ММТ дар даври якум ва дуюми бақайдгирии довталабон, барои иштирок дар имтиҳонҳои ММТ 112 ҳазору 947 нафар худро номнавис кардаанд. Аз ин теъдод, 74 ҳазору 935 сазовори номи донишҷӯ шуданд.
Бояд гуфт, ки имсол бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегард. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.
Давраи сеюми бақайдгирии довталабон дар асоси ҷойҳои холимонда гузаронида мешавад. Аммо дар давраи чоруми бақайдгирӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст. Он аз 29-уми октябр шуруъ мешавад.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста