ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
- Имрӯз соати 17:30 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати гиромидошти 80-солагии Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, шоми мусиқӣ баргузор мешавад.
Дар шоми мусиқӣ сарояндаҳои маъруфи кишвар - Мастона Эргашева, Ҳаётой Муминова, Муҳаррама Шарифова, Азиз Ваҳҳоб, Ҷовидон Нозимов, Сарвиноз Юсуфӣ ва дигарон суруд хонда, дастаҳои рақсии “Дарё”, “Ҷаҳоноро”, “Лола” ва “Гулрез” ҳунарнамоӣ мекунанд.
Арзиши билети чорабинии мазкур 30 сомонӣ буда, барои дастрас кардани он хоҳишмандон метавонанд ба рақами +992 908 81 30 07 тамос гиранд.
– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1939 – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.
Соли 1959 – Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард.
Соли 2009 – Шурои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Консепсия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро қабул кард.
Соли 2013 – Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон аз вазифа озод шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1938 – Мавлуди Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон.

Адабиётшиносон Бозор Собирро аз шоирони насли нави адабиёти тоҷик медонанд, ки дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Охири солҳои 80-ум ба сиёсат пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 9 моҳ зиндонӣ шуд ва пас аз раҳоӣ ба Маскав ва аз онҷо ба Амрико кӯчид.
Соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Ҳар сари чанд вақт ба Амрико барои дидорбинии пайвандонаш мерафт.
Паз аз чанд муддати беморӣ 1-уми майи соли 2018 дар синни 79-солагӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Амрико аз олам гузашт ва тобути ӯ ба ватан оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Пайванд” соли 1972 аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳои “Мижгони шаб” (1981), “Борони тиллоӣ” (1982) ва як силсила шеърҳои ӯ ба хатти форсии арабиасос бо номи маҷмӯаи “Оташбарг” (1984) дастраси алоқамандони дунёи форсизабон шуд. Китоби дигари ӯ “Чашми сафедор” (1991) мебошад.
Бозор Собир аз зумраи шоиронест, ки ҳар байти ӯ дар қалби хонанда ҷой шуда, шеърҳояш ҷовидонианд. Яке аз шеърҳои машҳури Бозор Собир - “Забони модарӣ”, ки солҳои 1980-ум эҷод шудааст, дар худ ормонҳои миллати тоҷикро таҷассум карда, Бозор Собирро яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷик намудааст. Баъдтар, дар оғози ҷунбиши бедорӣ ва даъвоҳои мақоми расмӣ додан ба забони тоҷикӣ ин шеъри Бозор Собир ба шиор табдил ёфт.
Маҷмуаҳои Бозор Собир “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур кард. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шудааст.
Соли 1946 – Мавлуди Шокир Мухторов, забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Соли 1946 – Зодрӯзи Абдухолиқ Набавӣ, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик.
Соли 1951 – Мавлуди Сафаралӣ Наҷмуддинов, давлатмарди тоҷик, вазири пешини молияи Тоҷикистон.
Соли 1952 – Зодрӯзи Абдулло Ёров, собиқ роҳбари “Барқи тоҷик” ва вазири пешини энергетикаи Тоҷикистон.
Соли 1953 – Мавлуди Азим Азизов, табиби кӯдакон, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1953 – Мавлуди Абдулманнон Насриддин, адабиётшинос, доктори илмҳои филология, профессор.
Соли 1953 – Зодрӯзи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, нависандаи тоҷик, филмноманавис, раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз нависандагони навовар ва филмбардорони моҳири тоҷик, ки ба андешаи адибони тоҷик фавқулода боистеъдод буд, намояндаи адабиёти солҳои охири садаи гузаштаи тоҷик буда, бо сабку услуб ва андешаю фалсафаи нав вориди адабиёт шудааст.
Ӯ баъди хатми мактаби миёна як муддат дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ солҳо дар Кумитаи телевизион ва радио ва як сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият кардааст. Баъдан дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, ва солҳои зиёд дар “Тоҷиккино” ҳамчун коргардони синамо, коргардон-таҳиягар ва аз соли 1995 то соли 1997 ҳамчун раиси киновидеокомпанияи миллии “Тоҷиккино” фаъолият кардааст. Аз августи 1997 то соли 2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон буд.
Асарҳои эҷодкардааш “Гунҷишки сафед”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Аз ёдҳо, аз ёдҳо”, “Дурӯғи сафед”, “Васвасаҳои Зикравайҳ”(Таронаҳои хоки париён), “Падруду пайғом”, “Доғҳои Офтоб” мебошанд, ки дастраси хонандагон шудаанд.
Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод “Ситораҳои сари танӯр”, “Ҳарф бизан, поизам”, “Пете”, “Чоре” мебошанд.
20-уми майи соли 2000-ум Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар даромадгоҳи хонааш кушта шуд, аммо бо гузашти беш аз 20 сол, омили куштор ва фармоишгари он маълум нашудааст. Пиромуни ин ҳодиса ва назари ҳамнаслонаш дар матлаби “Ӯ қурбон шуд”. То ҳол фармоишгари қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ номаълум боқӣ мемонад” мутолиа кунед.
Соли 1963 – Мавлуди Парвиз Туробӣ, оҳангсози тоҷик.
Соли 1964 – Зодрӯзи Қурбоналӣ Абдураҳимзода, китобшинос ва муаррихи тоҷик.
Соли 1966 – Мавлуди Сабоҳат Наҷмиддинова, овозхон, омӯзгор ва мақомсарои тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
20-уми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон таҷлил мешавад. Ин сана бо ду ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ пайванд дорад. Соли 1959 Маҷмааи умумии СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва соли 1989 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Ҳар ду санад асоси ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон дар тамоми ҷаҳон ба шумор мераванд.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, ҳамасола тақрибан 11 миллион кӯдаки то синни панҷсола мефавтанд. Даҳҳо миллион ноболиғ бо мушкилоти саломатии ҷисмонӣ ё равонӣ ба камол мерасанд ва имкони рушди пурра надоранд. Сабабҳои асосӣ пешгирӣ накардан аз бемориҳо, сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ, фақр, нодонӣ, табъиз ва зӯроварӣ аст.
20-уми ноябр дар як қатор кишварҳо ҳамчунин Рӯзи табиби кӯдакона низ таҷлил мешавад. Ӯ табибест, ки аз рӯзи таваллуди кӯдак то балоғат аз саломатии ӯ ҳимоя мекунад ва дар ташхису табобати ноболиғон нақши калидӣ дорад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зарурати таъмини дастрасии табиби кӯдакон ба таҳсилоти босифат, таҷҳизоти муосири табобат, доруҳои зарурӣ, шароити муносиб барои хизматрасонии тиббиро таъкид мекунад.
20-уми ноябри соли 1990 яке аз маъруфтарин ҷинояткорони силсилаии асри XX – Андрей Чикатило боздошт гардид. Дар солҳои 1978-1990, дар вилояти Ростови Русия, ӯ 53 куштори исботшуда содир кардааст. Ба эҳтимоли зиёд, теъдоди қурбониён беш аз 65 нафар будаанд. Аксари кушташудагон кӯдакон ва занон будаанд.

14-уми феврали соли 1994 суд Чикатилоро барои куштори қасдии 53 нафар ба қатл маҳкум кард ва ҳукм дар зиндон иҷро шуд.
20-уми ноябри соли 1945 дар шаҳри Нюрнберги Олмон Мурофиаи байналмилалии ҳарбӣ бар зидди роҳбарони Рейхи сеюм оғоз ёфт. Ин аввалин суди байналмилалӣ дар таърих буд, ки таҷовузи ҳарбиро ҷинояти вазнини байналмилалӣ эътироф кард. Мурофиа то 1-уми октябри соли 1946 идома ёфт.
Аксари айбдоршавандагон гунаҳкор эълон шуда, баъзеи онҳо ба қатл, иддае ба зиндони якумра ва бархе ба 10–20 соли маҳбас маҳкум шуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 7+12º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, рӯзона -1+4º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 11+13º гарм.






Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста