ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

- Имрӯз дар Душанбе мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни ҷавонон оғоз гардида, ду рӯз дар пойтахти Тоҷикистон сурат мегирад. Дар он ширкати беш аз 270 варзишгар аз 5 кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин, дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо дар назр аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 186 куштигири ҷавон (176 писар ва 10 духтар) намояндагӣ мекунад.

- Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мюзикли “Шоҳ Шер” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта барои вуруд аз 30 то 50 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.


- Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

- Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1962 – Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2010 – 136 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои динӣ дар Эрон таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуданд.

Соли 2010 – Палатаи поёнии парлумон қарор қабул кард, ки хидматҳои операторони мобилӣ ба рӯйхати молҳои аксизӣ ворид карда шаванд.

Владимир Садовничий ва Алексей Руденко

Соли 2011 – Додгоҳи вилояти Хатлон таҳти фишори мақомот ва расонаҳои русӣ муҳлати ҳукми ду халабони  ширкати "Rolkan Investments Ltd" – Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки яке шаҳрванди Русия ва дигаре шаҳрванди Эстония буданд 2,5 сол кӯтоҳ карда, тибқи қонуни авф онҳоро аз толори додгоҳ озод намуд. Онҳо 8-уми ноябр бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва вайрон кардани қоидаҳои парвозҳои байналмилалӣ ба 10,5 сол аз озодӣ маҳрум гардида буданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли  1935 – Зодрӯзи Саид Ҳамроев, оҳангсози тоҷик.

Саид Ҳамроев

Саид Ҳамроев, ки аз ҷавонӣ ба мусиқӣ шавқу ҳавас дошт, ҳанӯз дар давраи таҳсил ба клуби Комбинати шоҳибофии Душанбе пайваст ва аввал сароянда ва сипас чун навозанда дар оркестри нафасии он фаъолият оғоз кард.

Соли 1955 Омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо бо ихтисоси кларнет хатм намуда, 10 соли баъдӣ дар оркестри Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намуд. Ӯ намоишномаҳои “Достони лирикӣ” ва барои бисёр намоишномаҳои дигар мусиқӣ офаридааст.

Асари муҳимтарини ӯ, операи қаҳрамонии “Шерак” ба корномаи таърихии халқи тоҷик бахшида шудааст. Баъди муваффақияти “Шерак” Ҳамроев достони симфонии “Суруди вопасин”, “Ҷавонӣ”, инчунин балети “Бежан ва Манижа” ва балети “Ҷавонӣ” эҷод кард. Ӯ ҳамзамон барои театр, филмҳо ва оркестри созҳои халқии телевизиону радио низ мусиқии зиёде навиштааст.

Саид Ҳамроев соли 1984 дар 49-солагӣ даргузашт.

Соли 1971 – Мавлуди Шералӣ Кабир, иқтисоддон, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Шералӣ Кабир

Шералӣ Кабир панҷ сол инҷониб, аз соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ–кооперативии Новосибирск (Русия) ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооперативии Тоҷикистонро хатм намуда, соли 1993 ҳамчун муовини тиҷории раиси кооперативи “Сигнал” дар заводи “Спетсавтоматика” ба фаъолият пардохтааст. Ӯ то соли 1999 муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии “Тенис” дар Душанбе буд.

Аз соли 1999 то 2003 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси дараҷаи аввал, сармутахассис, сардори шуъбаи Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ-техникӣ, инчунин сармутахассиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ кор кард. Баъдан сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулоти саноатӣ буд.

Шералӣ Кабир солҳои 2003–2005 дар “Ориёнбонк” кор карда, аз роҳбари Идораи амалиётҳои бонкӣ то муовини раиси Раёсат расид. Соли 2005 ба Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, ки дар давраи мушкилоти иқтисодӣ қарор дошт, ҷалб шуда, аввал муовини якуми директор ва баъдан дар соли 2007 директори молия ва тиҷорати “Ширкати алюминийи Тоҷикистон” таъйин гардид. Солҳои 2015–2020 ӯ раиси Шӯрои директорони ширкати алюминий буд.

Шералӣ Кабир 3-юми ноябри соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъин шуда, то ҳол фаъолият дорад.

Соли 2016 – Муслима Боқиева, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар синни 83 даргузашт.

Муслима Боқиева

Муслима Боқиева яке аз овозхонҳои барҷастаи тоҷик буда, дар иҷрои сурудҳои классикиву мардумии тоҷик маҳорати хоса дошт. Ӯ дар Бухоро зода шуда, аз кӯдакӣ зери таъсири муҳити ҳунарӣ ба воя расид. Падари ӯ ҳофиз ва танбӯрнавози маъруф буд, ки аввалин устоди ӯ маҳсуб мешавад.

Соли 1946 ба Душанбе кӯч баста, дар дастаи ҳунармандони кумитаи радиои Тоҷикистон фаъолияти сарояндагиро оғоз намуда, аз устодони маъруфи мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов, Фозил Солиев, Зиёдулло Шаҳидӣ ва дигарон дарси маҳорат гирифтааст.

Боқиева аз соли 1953 то дергоҳ сароянда ва баъдан роҳбари Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (ансамбли “Чаман”) буд.

“Эй машъали Шарқ”, “Пойтахти ман”, “Духтари самарқандӣ”, “Ба Ватан”, “Ёрӣ надорӣ”, “Гул ба боғ”, “Сабзинаранг” аз таронаҳои маъруфтарини ӯ мебошанд.

Муслима Боқиева 22-юми ноябри соли 2016 дар 83-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

22-юми ноябр дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи писарон таҷлил мешавад. Ин ҷашн хусусияти оилавӣ дорад ва ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳ ба нақш, тарбия, масъулият ва ҳимояи писарон дар ҷомеа аст.


Ҳарчанл таърихи он чандон тӯлонӣ нест ва дар фазои иттилоотӣ то ҳол васеъ муаррифӣ нашудааст, аммо сол аз сол тадриҷан маъруф мегардад. Дар кишварҳои гуногун он метавонад дар санаҳои дигар низ таҷлил шавад, зеро то ҳол санаи ягонаи байналмилалӣ барои он таъйин нашудааст.

22-юми ноябри соли 1960 дар заводи мошинсозии “Коммунар” дар шаҳри Запороже аввалин  мошини саноатии сабукрави ЗАЗ-965 “Запорожетс” истеҳсол шуд. Ин модел барои бисёриҳо рамзи дастрасии омма ба нақлиёти шахсӣ дар замони шӯравӣ гардид.


“Запорожетс” бинобар андозаи хурд, шакли хоси корпус ва нархи нисбатан арзон маъруф шуд. Охирин автомашинаи ин хати истеҳсол ЗАЗ-1103 “Славута” буд, ки 19-уми сентябри соли 2008 истеҳсол гардид.

22-юми ноябри соли 1963 ба ҷони Ҷон Кеннеди, президенти Амрико сӯиқасд анҷом шуд. Дар шаҳри Далласи иёлати Техаси Амрико, ҳангоми гардиши расмӣ дар мошини кушода ӯ ҳадафи тир қарор гирифт. Ӯ аз гардан ва сараш ду тир хӯрд ва ҳангоми интиқол ба беморхона даргузашт.

Ин ҳодиса яке аз ҷиноятҳои сиёсии пуровоза ва баҳсбарангезтарин дар асри XX маҳсуб мешавад.


22-юми ноябри соли 1990 Маргарет Тэтчер пас аз 11 соли роҳбарӣ аз мансаби сарвазири Бритониё истеъфо дод. Ӯ аз соли 1979 ин вазифаро ба зимма дошт ва ба ҳайси аввалин зани роҳбари ҳукумати кишварҳои Ғарб шинохта мешавад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 12+17º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 19+21º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 19+21º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 9+11º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.